Дар Душанбе боз як хатсайри нави автобус боз мешавад

Date:

Дар шаҳри Душанбе аз 24-уми январ хатсайри нави мусофирбари №33 ба роҳ монда мешавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, нуқтаҳои охири хатсайри нави автобус маҳаллаи Фурудгоҳи кӯҳна – маҷмааи савдои “Кӯшониён” таъин шудааст.

Ба иттилои манбаъ, автобусҳо дар хатсайри мазкур тавассути хиёбону кӯчаҳои Мирзо Мастонгулов, Аҳмади Дониш, Дӯстии халқҳо, Мирзо Турсунзода, Рӯдакӣ, Ҳофизи Шерозӣ ҳаракат мекунанд.

Дар хатсайри нав ба сокинону меҳмонони пойтахт автобусҳои муосири тамғаи "АКИА" хизматрасонӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, микроавтобусҳои хатсайри №33 бо роҳи пешина равуо хоҳанд кард.

Ёдрас мекунем, ки бо қарори шаҳрдорӣ бозори фурӯши масолеҳи сохтмони “Ҷал-Ҷам” мувофиқи Нақшаи генералии пойтахт ба маҷмааи савдои “Кӯшониён” кӯчонида мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...