Ҳукумат эътироф кард: мавҷуд набудани дастрасии фарогир ба интернет бад аст

Ҳукумати Тоҷикистон аз қафомонии ҷумҳурӣ дар самти рушди иқтисоди рақамӣ натанҳо дар миқёси ҷаҳон, балки дар минтақа ҳам нигарон аст. Дар Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон, ки охири соли 2019 аз ҷониби ҳукумат қабул шуд, таҳлили муфассали сабабҳои қафомонии идомаёбанда аз рӯйи арзёбиҳои калидии овардашуда ва коркарди як қатор чораҳои ба ислоҳи тамоюлҳои манфӣ равонашуда пешбинӣ […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон аз қафомонии ҷумҳурӣ дар самти рушди иқтисоди рақамӣ натанҳо дар миқёси ҷаҳон, балки дар минтақа ҳам нигарон аст.

Дар Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон, ки охири соли 2019 аз ҷониби ҳукумат қабул шуд, таҳлили муфассали сабабҳои қафомонии идомаёбанда аз рӯйи арзёбиҳои калидии овардашуда ва коркарди як қатор чораҳои ба ислоҳи тамоюлҳои манфӣ равонашуда пешбинӣ гардидааст.

Сабаби аслии қафомонии назаррасро муаллифони санад дар “холигиҳои ҷиддӣ дар таъсиси инфрасохтори рақамӣ ва таъмини дастрасии ҳамаҷонибаи фарохмавҷ ба интернет” мебинанд.

Ғайр аз ин, “норасоии малакаи рақамӣ, заифии фарҳанги инноватсия, мавҷуд набудани талабот ба технологияҳои нав аз ҷониби корхонаҳои давлатӣ, норасоии фаҳмиши технологияҳои рақамии аҳолӣ, норасоии маблағгузории инфрасохтори рақамӣ” низ қайд мешавад.

Ҳамчунин заифии бахши хусусӣ, аз ҷумла, бахши ТИК, муҳити начандон мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкорию инноватсионӣ ва ҳамчун натиҷа сатҳи пасти истифодаи технологияҳои рақамӣ аз ҷониби соҳибкорон таъкид мешавад.

Ба норасоии заминаи қонунгузорӣ ва меъёрӣ дар соҳаи иқтисоди рақамӣ низ ишора мешавад.

Консепсия гузариши муттасили марҳила ба марҳиларо ба амалисозии дурнамои табодули рақамӣ дар ҷумҳурӣ пешбинӣ мекунад.

Дар аввал се марҳила то соли 2040 ба нақша гирифта мешавад. Марҳилаи якум то соли 2025, марҳилаи дуюм то соли 2030 ва марҳилаи сеюм то соли 2040 татбиқ мегардад. Ҳамаи марҳилаҳо оид ба амалисозии табодули рақамӣ инчунин дар доираи лоиҳаи Digital CASA амалӣ карда мешаванд.

Мавқеъҳои охир дар рейтингҳои ҷаҳонӣ

Мутобиқи маълумоти «Гузориш дар бораи рушди ҷаҳонӣ 2016: Дивидендҳои рақамӣ» Тоҷикистон аз рӯйи сатҳи ҷорикунии технологияҳои рақамӣ ба сафи кишварҳои дар марҳилаи тавлиди иқтисоди рақамӣ қарордошта дохил аст.

“Ин чунин маъно дорад, ки иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон дар оғози ташаккул ҷой дорад”, – қайд мешавад дар Консепсияи иқтисоди рақамӣ.

Муаллифони санад аз тамоюли пастшавии бе ин ҳам мавқеи қафомондаи ҷумҳурӣ аз рӯйи як қатор нишондиҳандаҳо дар солҳои охир нигаронии махсус изҳор мекунанд:

– мутобиқи арзёбии ҷаҳонии Форуми умумиҷаҳонии иқтисодии соли 2018 Тоҷикистон аз рӯйи рақобатнокии иқтисодиёт дар байни 140 кишвар ҷойи 102-умро ишғол менамояд. Дар муқоиса бо арзёбии соли 2017 мавқеи Тоҷикистон аз ҷойи 79-ум поин рафт;

– мутобиқи арзёбии ҳисоботи ҷаҳонии Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ оид ба рушди ТИК-и соли 2016 аз рӯйи сатҳи самараҳои иқтисодии бадастоварда аз истифодаи ТИК Тоҷикистон дар байни 139 кишвар ҷойи 101-ро ишғол мекунад. Дар муқоиса бо арзёбии соли 2015 мавқеи Тоҷикистон аз ҷойи 93-юм поин рафт;

– мувофиқи арзёбии ҳисоботи ҷаҳонии Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ аз рӯйи рушди ТИК соли 2016 Тоҷикистон дар байни 139 кишвар аз рӯйи сатҳи таъсири технологияҳои рақамӣ ба бизнес-моделҳои нав дар ҷойи 103-юм аст. Дар муқоиса бо арзёбии соли 2015 мавқеи Тоҷикистон аз ҷойи 90-ум поин рафт;

– мувофиқи арзёбии ҳисоботи ҷаҳонии Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ аз рӯйи рушди ТИК соли 2016 Тоҷикистон дар байни 139 кишвар аз рӯйи сатҳи таъсири технологияҳои рақамӣ ба моделҳои ташкилӣ ҷойи 94-умро ишғол мекунад. Дар муқоиса бо арзёбии соли 2015 мавқеи Тоҷикистон аз ҷойи 84 поин рафт;

– мутобиқи арзёбии ҳисоботи ҷаҳонии Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ аз рӯйи рушди ТИК соли 2016 Тоҷикистон дар байни 139 кишвар аз рӯи сатҳи истифодаи ТИК ва самаранокии ҳукумат дар ҷойи 71 қарор дорад. Дар муқоиса бо маълумоти соли 2015 мавқеи Тоҷикистон аз ҷойи 65 поин рафт;

– мувофиқи арзёбии ҳисоботи ҷаҳонии Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ оид ба рақобатнокии иқтисодиёти соли 2018 Тоҷикистон аз рӯйи нишондиҳандаи хариди давлатии маҳсулоти пешрафтаи технологӣ дар байни 137 кишвар ҷойи хеле баланди 26-умро ишғол менамояд. Вале дар муқоиса бо арзёбии соли 2017 мавқеи Тоҷикистон аз ҷойи 20-ум поин рафт.

Инфографика дар бораи нархи интернет дар кишварҳои ҳамсоя, суръати он ва муқоисаи он бо Тоҷикистон. Қариб аз рӯйи ҳамаи нишондиҳандаҳо мо дар зинаҳои охир қарор дорем.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.