Дар Душанбе боз як хатсайри нави автобус боз мешавад

Дар шаҳри Душанбе аз 24-уми январ хатсайри нави мусофирбари №33 ба роҳ монда мешавад. Тавре ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, нуқтаҳои охири хатсайри нави автобус маҳаллаи Фурудгоҳи кӯҳна – маҷмааи савдои “Кӯшониён” таъин шудааст. Ба иттилои манбаъ, автобусҳо дар хатсайри мазкур тавассути хиёбону кӯчаҳои Мирзо Мастонгулов, Аҳмади Дониш, Дӯстии халқҳо, Мирзо […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе аз 24-уми январ хатсайри нави мусофирбари №33 ба роҳ монда мешавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, нуқтаҳои охири хатсайри нави автобус маҳаллаи Фурудгоҳи кӯҳна – маҷмааи савдои “Кӯшониён” таъин шудааст.

Ба иттилои манбаъ, автобусҳо дар хатсайри мазкур тавассути хиёбону кӯчаҳои Мирзо Мастонгулов, Аҳмади Дониш, Дӯстии халқҳо, Мирзо Турсунзода, Рӯдакӣ, Ҳофизи Шерозӣ ҳаракат мекунанд.

Дар хатсайри нав ба сокинону меҳмонони пойтахт автобусҳои муосири тамғаи "АКИА" хизматрасонӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, микроавтобусҳои хатсайри №33 бо роҳи пешина равуо хоҳанд кард.

Ёдрас мекунем, ки бо қарори шаҳрдорӣ бозори фурӯши масолеҳи сохтмони “Ҷал-Ҷам” мувофиқи Нақшаи генералии пойтахт ба маҷмааи савдои “Кӯшониён” кӯчонида мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.