Мусобиқаи интихобии олимпии бокс дар Вуҳан баргузор намешавад

Asia-Plus

Мусобиқаи қоравии интихобии олимпии бокс аз сабаби авҷи коронавирус дар шаҳри Вуҳани Ҷумҳурии Мардумии Чин бекор карда шуд.

Дар изҳороти гурӯҳи махсуси Кумитаи байнулмилалии олимпӣ омадааст, ки дар ҳамкорӣ бо Кумитаи олимпии Чин ва шарикон макони нави баргузории мусобиқаро ҷустуҷӯ доранд. Он шояд дар дигар шаҳри Чин, ҳатто дар кишвари дигар баргузор шавад.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқаи интихобии олимпии Осиё/Уқёнус оид ба бокс бояд 3-14 феврал дар шаҳри Вуҳани Чин доир мегашт.

Рӯзи қабл Конфедератсияи футболи Осиё низ бинобар сабаби паҳн шудани вирус, ки дар натиҷа 17 нафар ба ҳалокат расидаанд, макони баргузории мусобиқаи интихобии олимпии бонувонро аз шаҳри Вуҳан ба шаҳри Нанҷинг гузаронд.

Тибқи иттилои мақомоти Чин, феълан ба коронавирус сироят ёфтани 540 нафар ба қайд гирифта шудааст, ки ин шумора ҳар рӯз меафзояд. Ҳолати сироят ёфтани шаҳрвандон дар дигар шаҳрҳои Чин, ҳамчунин Тайланд, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон сабт шудааст. Ҳолати бақайдгирии сироятёфтагон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Мексика низ рӯй додааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...