БОР ба Тоҷикистон $1 млн барои беҳбуди амнияти озуқаворӣ медиҳад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки осиёии рушд (БОР) гранти кумаки техникиро дар ҳаҷми 1 млн доллар барои таҳияи лоиҳаи сармоягузории пешниҳодшуда оид ба таъмиру навсозии низомҳои обёрӣ ва заҳкашӣ дар ҳавзаи поёнии дарёи Вахш дар Тоҷикистон маъқул донист.

“Ба бахши кишоварзӣ 20%-и маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон рост омада, наздики 51%-и аҳолӣ дар ин соҳа кор мекунад. Дар кишвар танҳо 7% заминҳо корам буда, бахши кишоварзӣ бо ҳосилнокии паст дар ҳоли рушди заиф қарор дорад, ки дар натиҷа яке аз сатҳҳои аз ҳама пасти амнияти озуқаворӣ дар Осиёи Марказӣ ба мушоҳида мерасад. Зерсохтори обёрӣ ва заҳкашӣ хароб шудааст, ки истеҳсолнокиро дар бахши кишоварзӣ боз ҳам зиёдтар коҳиш медиҳад”, – қайд мешавад дар иттилои намояндагии БОР дар Душанбе.

Барои гранти кумаки техникӣ заминаи фанниву иқтисодии корҳои таъмиру навсозии низомҳои обёрӣ ва заҳкашии ноҳияҳои Ёвон ва Қумсангир таҳия мешавад. Дар заминаи фанниву иқтисодӣ тадбирҳои лоиҳавӣ муайян шуда, ба он арзёбиҳои техникӣ, муҳитзистӣ (экологӣ), иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва молиявӣ дохил мешаванд.

БОР ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ беш аз 1,8 млр доллар, бо шумули зиёда аз 1,3 млрд доллар ба сифати грант додааст. Ин маблағҳо ба беҳбуди зерсохтори нақлиёт ва энергетикаи кишвар, дастгирии рушди иҷтимоӣ, тавсеъаи истеҳсолот дар бахши кишоварзӣ, таҳкими ҳамкорӣ ва савдои минтақавӣ мусоидат карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...