Ҳеҷ кас аз раҳбарияти бонкҳои мушкилдори Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб нашудааст

Дар нишасти матбуотии имрӯзаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ зикр шуд, ки аз рӯйи далели аввали соли 2016 ба буҳрон дучор шудани чанде аз бонкҳои Тоҷикистон ҳеҷ касе аз ҳайати раҳбарии бонк, аз ҷумла, собиқ раисони “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда нашуданд. Зимни посух ба суоли хабарнигори “Азия-Плюс” директори […]

Дар нишасти матбуотии имрӯзаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ зикр шуд, ки аз рӯйи далели аввали соли 2016 ба буҳрон дучор шудани чанде аз бонкҳои Тоҷикистон ҳеҷ касе аз ҳайати раҳбарии бонк, аз ҷумла, собиқ раисони “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда нашуданд.

Зимни посух ба суоли хабарнигори “Азия-Плюс” директори Агентӣ Сулаймон Султонзода иброз дошт, ки айни замон 800 иншооти манқул ва ғайриманқули қарздорони “Агроинвестбонк” ба маблағи умумии 900 млн сомонӣ таҳти ҳабс қарор гирифтаанд.

“Иншооти ҳабсшуда ба фурӯш гузошта шуда, маблағи аз онҳо бадастомада ба ҷуброни зиёни аз ҷониби бонк расонда равона мешаванд”, – қайд кард ӯ.

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон моҳи майи соли гузашта дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкдории кишвар изҳор дошт, ки дар баъзе мавридҳо масъулини бонкҳо ба азонихудкунии маблағҳои пулӣ даст зада, ба шахсони наздики худ бидуни таъмини гарав ва ғайриқонунӣ қарзҳои бонкӣ додаанд.

Он замон президент таъкид дошта буд, ки нисбат ба кормандони “Агроинвестбонк” 68 парвандаи ҷиноятӣ оид ба тасарруфи 40 млн сомонӣ ва нисбат ба кормандони “Тоҷиксодиротбонк” аз рӯйи далели азхудкунии 65 млн сомонӣ 60 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.