БОР ба Тоҷикистон $1 млн барои беҳбуди амнияти озуқаворӣ медиҳад

Бонки осиёии рушд (БОР) гранти кумаки техникиро дар ҳаҷми 1 млн доллар барои таҳияи лоиҳаи сармоягузории пешниҳодшуда оид ба таъмиру навсозии низомҳои обёрӣ ва заҳкашӣ дар ҳавзаи поёнии дарёи Вахш дар Тоҷикистон маъқул донист. “Ба бахши кишоварзӣ 20%-и маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон рост омада, наздики 51%-и аҳолӣ дар ин соҳа кор мекунад. Дар кишвар танҳо […]

Бонки осиёии рушд (БОР) гранти кумаки техникиро дар ҳаҷми 1 млн доллар барои таҳияи лоиҳаи сармоягузории пешниҳодшуда оид ба таъмиру навсозии низомҳои обёрӣ ва заҳкашӣ дар ҳавзаи поёнии дарёи Вахш дар Тоҷикистон маъқул донист.

“Ба бахши кишоварзӣ 20%-и маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон рост омада, наздики 51%-и аҳолӣ дар ин соҳа кор мекунад. Дар кишвар танҳо 7% заминҳо корам буда, бахши кишоварзӣ бо ҳосилнокии паст дар ҳоли рушди заиф қарор дорад, ки дар натиҷа яке аз сатҳҳои аз ҳама пасти амнияти озуқаворӣ дар Осиёи Марказӣ ба мушоҳида мерасад. Зерсохтори обёрӣ ва заҳкашӣ хароб шудааст, ки истеҳсолнокиро дар бахши кишоварзӣ боз ҳам зиёдтар коҳиш медиҳад”, – қайд мешавад дар иттилои намояндагии БОР дар Душанбе.

Барои гранти кумаки техникӣ заминаи фанниву иқтисодии корҳои таъмиру навсозии низомҳои обёрӣ ва заҳкашии ноҳияҳои Ёвон ва Қумсангир таҳия мешавад. Дар заминаи фанниву иқтисодӣ тадбирҳои лоиҳавӣ муайян шуда, ба он арзёбиҳои техникӣ, муҳитзистӣ (экологӣ), иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва молиявӣ дохил мешаванд.

БОР ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ беш аз 1,8 млр доллар, бо шумули зиёда аз 1,3 млрд доллар ба сифати грант додааст. Ин маблағҳо ба беҳбуди зерсохтори нақлиёт ва энергетикаи кишвар, дастгирии рушди иҷтимоӣ, тавсеъаи истеҳсолот дар бахши кишоварзӣ, таҳкими ҳамкорӣ ва савдои минтақавӣ мусоидат карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.