Ҷиноятҳои пурсарусадои коррупсионӣ дар соли 2019

Яке аз ин ҷиноятҳо тамаъ кардани пора аз ҷониби роҳбари кумитаи заминсозии ноҳияи Рӯдакӣ мебошад, ки барои ҷудо кардани замин баҳри таъсиси хоҷагии деҳқонӣ 90 ҳазор доллар пора талаб кардааст. Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии имрӯза дар ин робита иттилоъ доданд, ки раиси кумитаи заминсозии ноҳияи Рӯдакӣ […]

Яке аз ин ҷиноятҳо тамаъ кардани пора аз ҷониби роҳбари кумитаи заминсозии ноҳияи Рӯдакӣ мебошад, ки барои ҷудо кардани замин баҳри таъсиси хоҷагии деҳқонӣ 90 ҳазор доллар пора талаб кардааст.

Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии имрӯза дар ин робита иттилоъ доданд, ки раиси кумитаи заминсозии ноҳияи Рӯдакӣ Сабзаалӣ Шокиров барои ҷудо кардани 9 гектар қитъаи замин аз сокини маҳаллӣ 90 ҳазор доллар пора талаб кардааст. Мансабдор ҳангоми гирифтани 10 ҳазор доллар бо далели шайъӣ боздошт шудааст.

Ғайр аз ин, кормандони Агентии зиддифасод дар шаҳри Ваҳдат дуздии 16,5 млн кВт/соат нерӯи барқро ошкор кардаанд: 2,9 млн сомонӣ маблағи истифодаи ин ҳаҷми қувваи барқро раҳбарияти корхонаи шабакаҳои барқи маҳаллӣ аз соҳибкорон ба сифати пора мегирифтааст.

Ҳамчунин зикр гардид, ки соли гузашта аз рӯйи далели муомилоти ғайриоқонунӣ бо асъори хориҷӣ 4 нафар кормандони баландпояи “Амонатбонк” боздошт шудаанд. Тафтиши ин далел дар робита ба авфи эълоншуда қатъ гаштааст.

Соли гузашта кормандони Агентии зиддифасод дар маҷмӯъ 2 ҳазору 154 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодӣ ва вобаста ба пардохти андозро ошкор кардаанд, ки 644-тои онҳо ба гурӯҳи ҷиноятҳои вазнин шомиланд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.