Ҳабси пранкери тоҷик дар Русия барои саҳнаи коронавирус дар метро

Суди ноҳияи Черёмушкии шаҳри Маскав шаҳрванди Тоҷикистон Кароматулло Ҷабборовро барои пранк (саҳнасозӣ) дар бораи коронавирус дар метрои Маскав ба ҳабс гирифт. Ӯ саҳнаеро дар бораи афтидан ва дасту по задани дӯсташ дар метро ба навор гирифтааст. Дар ин бора dw.com маълумот медиҳад. Тавре аз хадамоти матбуоти суд хабар додаанд, муҳлати ҳабс дар боздоштгоҳи тафтишотӣ то 8-уми […]

Суди ноҳияи Черёмушкии шаҳри Маскав шаҳрванди Тоҷикистон Кароматулло Ҷабборовро барои пранк (саҳнасозӣ) дар бораи коронавирус дар метрои Маскав ба ҳабс гирифт. Ӯ саҳнаеро дар бораи афтидан ва дасту по задани дӯсташ дар метро ба навор гирифтааст. Дар ин бора dw.com маълумот медиҳад.

Тавре аз хадамоти матбуоти суд хабар додаанд, муҳлати ҳабс дар боздоштгоҳи тафтишотӣ то 8-уми март муқаррар шудааст.

Гуфта мешавад, нисбат ба Кароматулло Ҷабборов мутобиқи моддаи “Авбошӣ” парванда оғоз шуда, ба ӯ то 5 соли зиндон ҷазо таҳдид мекунад.

Мақомоти тафтишот бар ин назар аст, ки ӯ ин саҳнасозиро ба навор гирифта, сипас дар шабакаҳои интернети мутааллиқ ба гурӯҳи Kara.Prank гузоштааст.

Адвокати айбдоршуда Алексей Попов чунин мешуморад, ки Ҷабборов бо ин амалҳои худ танҳо “таваҷҷуҳи ҳукуматро ба мушкилот” ҷалб карданист.

Тибқи маълумоти пулис, аввали моҳи феврал ҷавоне дар вагони метро бо вонамуд кардани хуруҷи беморӣ меафтад ва дасту по мезанад. Дар ҳамин ҳол, ҳамроҳони ӯ фарёд мекунанд, ки ӯ ба сирояти вируси хатарнок гирифтор аст. Мусофироне, ки ба ӯ ёрӣ доданӣ буданд, дарҳол худро канор гирифта, аксари онҳо дар истгоҳи наздиктарин аз вагон берун мешаванд.

https://www.youtube.com/watch?v=p7iCeNKXFV8

Пулиси Маскав 2 нафар сокинони ин шаҳр – ҳаммаслакони эҳтимолии пранкерро дастгир кардааст. Намояндаи ВКД Русия Ирина Волк гуфтааст, “онҳо бекоранд” ва баёноти тарк накардани маҳалли зист додаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.