Кумаки Олмон ба Тоҷикистон дар соддагардонии расмиёти савдо

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Созмони ҳамкориҳои байнулмилалии Олмон (GIZ) Созишнома доир ба соддагардонии расмиёти савдоро имзо карданд.

Ин созишнома рӯзи 19-уми феврал аз ҷониби вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода ва директори GIZ Сабина Олтхоф  имзо шуд.

“Созишнома ба соддагардонии расмиёти савдо ва транзит, такмили низоми идораи сарҳадот, чорабиниҳои озмоишӣ-инноватсионӣ доир ба соддагардонии расмиёти савдо, инчунин иштироки бахши хусусӣ дар раванди қабули қарорҳо вобаста ба соддагардонии расмиёти савдо равона шудааст”, – қайд мешавад дар хабари дафтари матбуоти Вазорат.

Гуфта мешавад, Созишнома аҳаммияти минтақавӣ дошта, маблағи умумии он 7 млн.евро мебошад ва 4 кишвари Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистонро дар бар мегирад.

Зикр мегардад, ки муҳлати амалисозии лоиҳа дар бораи соддагардонии расмиёти савдо дар Тоҷикистон се сол: 2020-2023 муқаррар шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...