Ҳалокати раиси додгоҳи Истаравшан дар садамаи нақлиёт

Date:

Раиси суди шаҳри Истаравшан Содиқҷон Ваҳҳобзода  шаби гузашта бар асари як садамаи маргбор дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ба ҳалокат расид.

Бино ба иттилои КҲФ, мошини "Опел", ки раиси додгоҳ савори он буд, ба Дулани канори роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа 2 мусофири сабукрав фавтида, 2 нафари дигар дар бемористони Истаравшан бо ҷароҳатҳои вазнин бистарӣ шудаанд.

Ин ҳодиса шаби гузашта соати 21:05 дақиқа дар километри 185-уми наздикии деҳаи Фирдавсии ноҳияи Шаҳристон рух додааст. Ронандаи "Опел" Ҷамшед Ҳасанов, сокини 42-солаи шаҳри Истаравшан аз уҳдаи нигаҳдории мошин набаромадааст ва он ба Дулане, ки дар канори роҳ меистод, бархӯрдааст.

Як нафари дигаре, ки ба ҳалокат расид, сокини 35-солаи деҳаи Фирдавсии ноҳияи Истаравшан Исроилҷон Ваҳҳобов будааст.

Содиқҷон Ваҳҳобзода 12-уми декабри соли 2017 бо фармони президенти Тоҷикистон аз вазифаи раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд озод ва раиси суди шаҳри Истаравшан таъин шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

1 КОММЕНТАРИЙ

  1. Албатта нафароне пайдо мешаванд, ки аз мурдани ягон одам хурсанд мешаванд ва дуруғ намегуям банда низ аз мурдани ба ном як одам хурсанд шуда будам, барои он ки вай ҳамеша монеъаи дустиву бародарии ду миллат буд. Пас аз у алҳамдулиллоҳ дустии ин ду миллат ба тарзе, ки аз руи инсоф бояд бошад, дубора эҳё шуд ва Илоҳо Ин дустӣ Ҷовидона Бод!Аммо агар баргардем ба сари ин мавзуъ дар андеша афтодам, ки ин раисони мо (натанҳо ин марҳум балки ҳамаашон) чӣ гуна ба саволҳои гур ҷавоб медода бошанд? Чӣ гуна назди Аллоҳ шармандавор меистода бошанд. Охир инҳо мепиндоштанд ки ҷовидонаанд. Он нафароне, ки ба ҷои салла калларо меоварданд ва муслиминро хору зор мекарданд, ҷойгоҳашон тибқи оёту ҳадис ҷаҳаннами ҷовидонааст. Балеее Худо бахшояндааст бе шак. Аммо Худо мегуяд ман Ҳаққуллоҳро метавонам бубахшоям аммо ҳаққунносро яъне ҳаққи одам/одамонро не. Пас чӣ гуна метавонанд баъзе кормандони ҳукумат, ки ба онҳо Раиси Ҷумҳур бовариву итминон кардааст, хиёнат карда ба порагириву фаҳшо бешармона даст мезананд ва ё онҳое, ки мояи ҳимояи марзу буму бошандагони онанд, он бошандагонро зулму тороҷ мекунанд бо баҳонаи ягон амри Шоҳ, ки он амр пешгирии ҳолатҳои номатлуб аст на он, ки ҳамаро душман шуморид. Тибқи ахлоқу одоб ва фарҳанги миллати куҳанбунёди мо, зани тоҷик пеш аз ҳама ин зани боҳаё, хушахлоқ ва боодоб аст ва бо Руймоли Тоҷикона пушонидани гардану гуш ва ва синаҳои аз серфарзанди кашол ёфтаи худ, ин тасдиқ кунандаи ҳамон ҳаёву одоб ва фарҳангу ахлоқи накуаст на ин ки тарғибу эълони ягон фарҳанги дигар. Он нафароне, ки ба таври худ замонавианд, бигзор бошанд ин интихоби онҳост. Давлати мо давлати Халқӣ Демократӣ аст, яъне озодӣ, мехоҳӣ зоҳиран аврупоинамуд бошӣ ё тибқи фарҳанги Тоҷикона интихоби шахс аст ва он низомиёне, ки сари қудрат ҳастанд ва амрҳои шоҳро бар нафъи ҷайби худ истифода мебаранду боҳаёҳои тоҷикро ҷарима ба нафъи кисаӣ худ мекунанд, бидонед шумо низ мемиред як руз воооой бар ҳолатон ки дар ғафлатед, ба ҳар дирами гирифтагиатон назди Ҷаббор ҷавоб хоҳед гуфт. Тибқи мазҳаби мо Ҳанафиҳо, як ракаат ибодати Шоҳ, Мир, Амир, Раис ва ғ. ба 10 000 ракаат баробар аст ва агар Шоҳ, Мир, Амир ва ё раис як амре диҳад, ки зиндагии мардумаш осоишта гардад Худояш метавонад 10 000 камбудиву норасоии ура мағфират намояд ва аммо агар амре диҳад, ки зиндагии мардумаш пурташвишу пуризтироб ва мушкилот гардад, пас бидонад, ки ҳар як камбудиву норасоии шахсиашро Ҷаббору Қаҳҳор 10 000 маротиба бештар ҷавоб хоҳад дод. Бор Илоҳо дар ин рузи Саиди Ҷумъа тавфиқ бар раисону ҳокимони ҷумҳурии азизам бидеҳ, омин омин омин

Leave a Reply to Мехмон Бахтӣ Отменить ответ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...