Донишҷӯёни Ухан аз карантин дар Тоҷикистон ҷавоб шуданд

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Имрӯз аз осоишгоҳи “Харангон”, воқеъ дар 15 километрии шимоли шаҳри Душанбе, ки минтақаи карантин мебошад, ҳамаи тоҷикистониёни аз шаҳри Ухани Чин ба ҷумҳурӣ омадаро ба хонаҳояшон ҷавоб доданд.

Он ҷо донишҷӯён, табибони онҳоро ҳамроҳикарда, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, аъзои ҳайати сарнишинон (экипаж)-и ҳавопаймои онҳоро интиқолдода – ҳамагӣ 63 нафар дар карантин қарор доштанд.

Тавре имрӯз ба “Азия-Плюс” муовини вазири тандурустии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода хабар дод, онҳо 15 рӯзро дар минтақаи карантин гузарониданд.

“Ҳамаи онҳо худро хуб ҳис карда, дар ҳеҷ кадомашон аломатҳои сирояти коронавирус ошкор нашуд. То ҳол шаҳрвандони Чин, ки дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ таҳсил мекунанд, ба Тоҷикистон меоянд ва бо расидан ба ин ҷо дар минтақаҳои карантин ҷой дода мешаванд То имрӯз дар кишвари мо ягон ҳодисаи сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст”, – гуфт Камолзода.

Пешвози ҳавопаймо аз Ухан дар Тоҷикистон

Ёдрас мекунем, ки то ин замон 882 нафар аз минтақаҳои карантин ҷавоб шуда буданд. Бо назардошти шахсони имрӯз рухсатишуда, дар муассисаҳои тиббӣ 203 нафар боқӣ мондаанд.

Аз 24-уми феврал Тоҷикистон иртиботи ҳавоиро бо Эрон қатъ кард. Дар Эрон бар асари сирояти коронавирус аллакай 15 нафар ҷон бохта, шумори сироятёфтагон ба 95 нафр расид. Аз ҷумла, муовини вазири беҳдошти Эрон Ираҷ Ҳарирчӣ низ гирифтори коронавирус шуд.

Тоҷикистон ҳамчунин тадбирҳои назоратро дар марз бо Афғонистон пурзӯр кард. Барои пешгирии вуруди коронавирус ба Тоҷикистон аз ин кишвар бо мақомоти марбутаи Афғонистон ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст.

Қаблан хабар дода шуд, ки Ӯзбекистон бо сабаби ошкор шудани коронавирус дар Афғонистон, шояд сарҳадашро бо ин кишвар бандад.

Кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ то ҳол дар харитаи коронавирус, ки ҳамарӯза аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ маълумоташ навсозӣ мешавад, зикр нашудаанд.

Тибқи маълумоти Комиссияи миллии тандурустии Чин, дар ин кишвар 78064 ҳолати тасдиқшудаи беморӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамзамон бино ба иттилои SCMP, бо назардошти ҳолатҳои нави сироятёбӣ шумори беморон дар тамоми кишвар 81005 нафарро ташкил медиҳад.

Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ то 25-уми феврал, ҳамагӣ 80239 кас сироят ёфтаанд (аз ин шумор дар ҳудуди қоравии Чин 77 780 бемор буда, 2666 нафар фавтиданд). Дар берун аз ҳудуди қоравии Чин дар 33 кишвар ва қаламравҳо дар саросари ҷаҳон 2459 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, 34 кас фавтид.

Дар маҷмӯъ, теъдоди фавтидагон 2763 нафар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...