Фарқи зиёди маълумоти оморӣ оид ба гардиши савдои Тоҷикистону Ӯзбекистон

Маълумоти расмии омории Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳаҷми муомилоти мол дар моҳи январи соли равон аз ҳамдигар қариб ду баробар фарқ доранд. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, моҳи январи соли 2020 ҳачми гардиши савдои байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 22,8 млн долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2 баробар бештар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Маълумоти расмии омории Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳаҷми муомилоти мол дар моҳи январи соли равон аз ҳамдигар қариб ду баробар фарқ доранд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, моҳи январи соли 2020 ҳачми гардиши савдои байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 22,8 млн долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2 баробар бештар аст.

Гуфта мешавад, моҳи гузашта Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя ба маблағи умумии зиёда аз 3,6 млн доллар молу маҳсулот содирот кардааст. Ҳамзамон воридот аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ба маблағи наздики 19,2 млн доллар сурат пазируфтааст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон, моҳи январи соли ҷорӣ ҳаҷми гардиши савдои дуҷонибаи ин кишвар бо Тоҷикистон 41,3 млн долларро ташкил додааст.

Аз ҷумла, ҳаҷми содирот аз Ӯзбекистон ба 30 млн доллар ва воридоти маҳсулот аз Тоҷикистон – ба 11,3 млн доллар баробар шудааст.

Зикр мешавад, ки Тоҷикистон шомили даҳгонаи шарикони асосии тиҷоратии Ӯзбекистон мебошад. Моҳи январи ҳамин сол ҳиссаи Тоҷикистон дар гардиши савдои хориҷии Ӯзбекистон 1,4%-ро ташкил додааст.

Тафовут байни маълумоти идораҳои омори Тоҷикистону Ӯзбекистон такроран ҳар сол ба мушоҳида мерасанд.

Масалан, тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли 2019 ҳаҷми гардиши савдоӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 362 млн доллар будааст. Аммо Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон хабар медиҳад, ки соли гузашта байни ду кишвар ба маблағи 497 млн доллар муомилоти молӣ анҷом дода шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.