Тоҷикистон назоратро дар марз бо Афғонистон пурзӯр кард

Тоҷикистон тадбирҳои назоратро дар марз бо Афғонистон пурзӯр кард. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Мирҳамуддин Камолзода хабар дод. “Дар Афғонистон аллакай далелҳои сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, ин маълумотро дирӯз, 24-уми феврал ба мо тасдиқ карданд, – изҳор дошт Камолзода. – Аз ин рӯ, тасмим […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Тоҷикистон тадбирҳои назоратро дар марз бо Афғонистон пурзӯр кард. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Мирҳамуддин Камолзода хабар дод.

“Дар Афғонистон аллакай далелҳои сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, ин маълумотро дирӯз, 24-уми феврал ба мо тасдиқ карданд, – изҳор дошт Камолзода. – Аз ин рӯ, тасмим гирфтем, ки назоратро дар убури сарҳад бо Афғонистон пурзӯр кунем”.

Ба гуфтаи ӯ, ин ҷо дар бораи пурра баста шудани сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон сухан намеравад.

“Кормандони мо айни замон дар сарҳад буда, вазъ он ҷо зери назорат аст. Барои пешгирии вуруди коронавирус ба кишвар тариқи гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва фурудгоҳҳои байнулмилалӣ бо мақомоти марбутаи ҳукумати Афғонистон ҳамкорӣ дорем”, – гуфт ӯ.

Вай афзуд, аз 1148 нафар шаҳрвандоне, ки аз 1-уми феврал дар Тоҷикистон ба карантин гирифта шужанд, то имрӯз 882 нафар ба хонаҳояшон ҷавоб гардиданд.

Аз шумори умумӣ 266 нафар, аз ҷумла, шахсоне, ки рӯзи 11-уми феврал бо ҳавопаймо аз шаҳри Ухани Чин оварда шуданд, дар муассисаҳои тиббӣ боқӣ монданд. Шояд онҳо низ пагоҳ аз беморхона рухсатӣ шаванд.

Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон итминон медиҳад, ки дар кишвар ягон ҳодисаи сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

“Он шаҳрвандоне, ки дар карантин буданд, ягон аломати бемории мазкурро надоштанд. Онҳо пурра аз ташхис гузашта, ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд”, – қайд кард муовини вазир.

Камолзода зикр кард, ки байни афроди дар карантин қарордошта шахсоне ҳам буданд, ки ҳарораташон баланд мешуд.

“Бархе аз шаҳрвандони дар карантин қарордошта ҳарорати баланд доштанд. Ҳамаи ташхиси онҳоро мо ҷиҳати санҷиши сирояти коронавирус ба Маскав мефиристем”, – афзуд Камолзода.

Ёдрас мекунем, ки аз 24-уми феврал Тоҷикистон иртиботи ҳавоиро бо Эрон қатъ кард. Дар Эрон бар асари сирояти коронавирус аллакай 8 нафар ҷон бохтанд.

Қаблан хабар дода шуд, ки Ӯзбекистон бо сабаби ошкор шудани коронавирус дар Афғонистон, шояд сарҳадашро бо ин кишвар бандад.

Қобили зикр аст, ки кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ то ҳол дар харитаи коронавирус, ки ҳамарӯза аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ маълумоташ навсозӣ мешавад, зикр нагардидаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.