Муовини вазири беҳдошти Эрон гирифтори коронавирус шудааст

Ираҷ Ҳарирчӣ, муовини вазири беҳдошти Эрон гуфт, ки ташхиси ӯ ба коронавирус натиҷаи “мусбат” дорад. Дар ин бора хабаргузории ИРНА иттилоъ додааст. “Ман ҳам коронаӣ шудам. Ман аз дирӯз таб доштам, тести аввалиям охири шаб мусбат шуд… Чанд дақиқа пеш ба ман гуфтанд, ки тести ниҳоӣ қатъӣ шудааст. Дармонро шурӯъ мекунам. Ҳоли умумиям бад нест, хубам. Як миқдор […]

Ираҷ Ҳарирчӣ, муовини вазири беҳдошти Эрон гуфт, ки ташхиси ӯ ба коронавирус натиҷаи мусбат дорад. Дар ин бора хабаргузории ИРНА иттилоъ додааст.

“Ман ҳам коронаӣ шудам. Ман аз дирӯз таб доштам, тести аввалиям охири шаб мусбат шуд… Чанд дақиқа пеш ба ман гуфтанд, ки тести ниҳоӣ қатъӣ шудааст. Дармонро шурӯъ мекунам. Ҳоли умумиям бад нест, хубам. Як миқдор кӯфтагӣ дорам. Таб доштам, ки иншоаллоҳ, кам мешавад… Мутмаин бошед, ки мо коронаро шикаст медиҳем. Ин вирус фақиру ғаниро намешиносад, масъулу ғайримасъулро намешиносад. Мумкин аст, теъдодеро мубтало кунад. Дармони муассир барояш дорем. Мувозиби худатон бошед”, – изҳор дошт Ираҷ Ҳарирчӣ дар муроҷиати видеоӣ ба шаҳрвандони Эрон.

Бино ба иттилои Parstoday, раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон Киёнӯши Ҷаҳонпур эълом кард, теъдоди ҷонбохтагони мубтало ба вируси “корона” дар Эрон ба 15 тан расид.

Ӯ рӯзи сешанбе дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, то кунун 95 нафар дар Эрон ба таври қатъӣ ба вируси “корона” мубтало шудаанд.

Густариши “коронавирус” дар моҳи декабри соли 2019 аз шаҳри Вуҳани устони Ҳубей, шарқи Чин оғоз шуд ва зоҳиран маншаи он ҳайвоноти ваҳшӣ будааст. Ин вирус акнун илова бар 30 устони Чин ба беш аз 30 кишвари дигар, аз ҷумла, Эрон, Амрико, Бритониё, Австралия, Таиланд, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Канада, Фаронса, Амороти Муттаҳидаи Араб ва ғайра паҳн шудааст.

Бар асоси охирин омор, то кунун беш аз 80 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба ин вирус мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод беш аз 27 ҳазор нафар беҳбуд ёфтаанд ва зиёда аз 2700 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.