Болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ дар Душанбе

Шералӣ Давлатов, махсус барои Asia-Plus

Соҳибкорони тоҷик мегӯянд, дар давоми як ҳафтаи охир бар асари боло рафтани қурби доллар маҷбур шуданд, нархи маҳсулоти ниёзи аввалияро то 4-5 сомонӣ гаронтар кунанд.

Қурби расмии 100 доллари амрикоӣ, ки ёздаҳ рӯз пеш ба 975 сомонӣ баробар буд, имрӯз 1020 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамин тавр, нархи 1 кило картошка аз 3,80 сомонӣ то 5 сомонӣ ва нархи ҳамин миқдор пиёз аз 2,50 сомонӣ то 4 сомонӣ боло рафт.

“Афзоиши нарх ба мо, фурӯшандагон, тамоман вобаста нест. Деҳконону ширкатҳо нархҳоро бардоштанд. Мо ҳам маҷбурем, ба мардум бо арзиши бештар фурӯшем. Замона ҳамин аст, ҷойи гила не. Ман 25 сол инҷониб ба тиҷорат машғулам. Замоне буд, ки 1 кило шакар 2,50 сомонӣ нарх дошт. Ҳоло аз 7 сомонӣ кам намефурӯшам”, – гуфт яке аз савдогарони бозори “Меҳргон”.

Ба гуфтаи тоҷирон, имкон дорад, ки нархҳо боз гаронтар шаванд.

“Ҳозир ширкатҳо ба мо як қисми борҳои дар захира доштаашонро фурӯхтанд. Агар ба ин қарибӣ роҳҳо кушода нашаванду онҳо аз Русия бори нав ворид карда натавонанд, пас, маҷбур мешаванд, нархи захираи боқимондаи худро боз гаронтар карда, ба мо диҳанд. Асосан, онҳо аз Русия макарон, равған, гречкаву дигар навъи масулоти ғизоӣ меоранд”, – иброз дошт фурӯшандаи дигари бозори марказии пойтахт.

Дар инфографикаи зер нархҳои бозори “Меҳргон” ва гипермаркети “Ашан” инъикос шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...