Санаи нави баргузории Бозиҳои олимпии Токио эълон шуд

Баргузории 32-юм Бозиҳои олимпӣ дар Токио аз 23-юми июл то 8-уми августи соли 2021 дар назар аст. Ин тасмим пас аз конфронси видеоии президенти Кумитаи байнулмилалии олимпӣ Томас Бах бо президенти Кумитаи байнулмилалии паралимпӣ, раиси Кумитаи тадорукоти “Токио-2020” ва Ҳукумати Ҷопон гирифта шуд. Як ҳафта қабл Бозиҳои олимпии Токио бо қарори Кумитаи байнулмилалии олимпӣ ва Ҳукумати Ҷопон […]

Asia-Plus

Баргузории 32-юм Бозиҳои олимпӣ дар Токио аз 23-юми июл то 8-уми августи соли 2021 дар назар аст.

Ин тасмим пас аз конфронси видеоии президенти Кумитаи байнулмилалии олимпӣ Томас Бах бо президенти Кумитаи байнулмилалии паралимпӣ, раиси Кумитаи тадорукоти “Токио-2020” ва Ҳукумати Ҷопон гирифта шуд.

Як ҳафта қабл Бозиҳои олимпии Токио бо қарори Кумитаи байнулмилалии олимпӣ ва Ҳукумати Ҷопон аз сабаби авҷ гирифтани коронавирус ба вақти дигар, аммо на дертар аз тобистони соли 2021 ба таъхир афтод.

Бозиҳои паралимпӣ аз 24-уми август то 5-уми сентябри соли 2021 ба нақша гирифта шуд.

Таҷрибаи ба вақти дигар гузаронидани Бозиҳои олимпӣ дар таърих бори аввал аст ва ин тасмимро федератсияҳои байнулмилалӣ ва кумитаҳои миллии олимпӣ дастгирӣ карданд.

Аз рӯйи нақшаи аввалия, бозиҳо бояд имсол аз 24-уми июл то 9-уми август баргузор мешуд.

Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, акнун дар тақвими варзиши ҷаҳон тағйирот ба амал хоҳад омад. Аз ҷумла, Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук-2021 ба соли 2022 гузаронида хоҳад шуд.

Ҳамин тариқ Варзиши сабуки ҷаҳониро зарур меояд, соли 2023 низ чемпионати ҷаҳон гузаронад ва соли 2024 боз дар Бозиҳои олимпӣ ширкат кунад.

Чемпионати ҷаҳон оид ба шиноварӣ-2021, ки моҳи августи соли оянда ба нақша гирифта шуда буд, ба вақти дигар гузаронида мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.