Болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ дар Душанбе

Соҳибкорони тоҷик мегӯянд, дар давоми як ҳафтаи охир бар асари боло рафтани қурби доллар маҷбур шуданд, нархи маҳсулоти ниёзи аввалияро то 4-5 сомонӣ гаронтар кунанд. Қурби расмии 100 доллари амрикоӣ, ки ёздаҳ рӯз пеш ба 975 сомонӣ баробар буд, имрӯз 1020 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамин тавр, нархи 1 кило картошка аз 3,80 сомонӣ то 5 […]

Шералӣ Давлатов, махсус барои Asia-Plus

Соҳибкорони тоҷик мегӯянд, дар давоми як ҳафтаи охир бар асари боло рафтани қурби доллар маҷбур шуданд, нархи маҳсулоти ниёзи аввалияро то 4-5 сомонӣ гаронтар кунанд.

Қурби расмии 100 доллари амрикоӣ, ки ёздаҳ рӯз пеш ба 975 сомонӣ баробар буд, имрӯз 1020 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамин тавр, нархи 1 кило картошка аз 3,80 сомонӣ то 5 сомонӣ ва нархи ҳамин миқдор пиёз аз 2,50 сомонӣ то 4 сомонӣ боло рафт.

“Афзоиши нарх ба мо, фурӯшандагон, тамоман вобаста нест. Деҳконону ширкатҳо нархҳоро бардоштанд. Мо ҳам маҷбурем, ба мардум бо арзиши бештар фурӯшем. Замона ҳамин аст, ҷойи гила не. Ман 25 сол инҷониб ба тиҷорат машғулам. Замоне буд, ки 1 кило шакар 2,50 сомонӣ нарх дошт. Ҳоло аз 7 сомонӣ кам намефурӯшам”, – гуфт яке аз савдогарони бозори “Меҳргон”.

Ба гуфтаи тоҷирон, имкон дорад, ки нархҳо боз гаронтар шаванд.

“Ҳозир ширкатҳо ба мо як қисми борҳои дар захира доштаашонро фурӯхтанд. Агар ба ин қарибӣ роҳҳо кушода нашаванду онҳо аз Русия бори нав ворид карда натавонанд, пас, маҷбур мешаванд, нархи захираи боқимондаи худро боз гаронтар карда, ба мо диҳанд. Асосан, онҳо аз Русия макарон, равған, гречкаву дигар навъи масулоти ғизоӣ меоранд”, – иброз дошт фурӯшандаи дигари бозори марказии пойтахт.

Дар инфографикаи зер нархҳои бозори “Меҳргон” ва гипермаркети “Ашан” инъикос шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...