Парвандаи рӯзноманигори тоҷик Далер Шарифов ба додситонӣ ирсол шуд

Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ айбномаи рӯзноманигор Далер Шарифовро бо иттиҳоми барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон фиристодааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” адвокатҳо Абдураҳмон Шарифов ва Гулгуна Шозодаева иттилоъ доданд, ки барои ҳимояи Далер аз ҷониби ТҶ “Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон” таъмин шудаанд. “Аз рӯйи парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба […]

Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ айбномаи рӯзноманигор Далер Шарифовро бо иттиҳоми барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон фиристодааст.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” адвокатҳо Абдураҳмон Шарифов ва Гулгуна Шозодаева иттилоъ доданд, ки барои ҳимояи Далер аз ҷониби ТҶ “Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон” таъмин шудаанд.

“Аз рӯйи парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба рӯзноманигор Далер Шарифов рӯзи 27-уми март айбномаи ниҳоӣ бо моддаи 189 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ) эълон карда шуд. Шиносоӣ бо маводи парвандаи ҷиноятӣ гузаронида шуда, тафтишот ба анҷом расид. Парвандаи ҷиноятӣ бо хулосаи айбдоркунӣ ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон барои омӯзишу тасдиқ ва ирсоли минбаъда ба суд фиристода шуд”, – гуфтанд ҳимоятгарон.

Ба қавли адвокатҳо, дар баррасии додгоҳӣ онҳо иштирок карда, ҳуқуқи Далер Шарифовро ҳимоя мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки ин рӯзноманигори тоҷик 30-юми январи соли равон бо қарори суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба муҳлати 2 моҳ ҳабс шуд.

Абдуманнон Шарифов – падари Далер баъд аз он мурофиаи додгоҳӣ ба хабарнигори “Азия-Плюс” гуфт: “Фарзанди ман бо ягон гурӯҳҳои террористию экстремистӣ иртибот надошт ва дар ягонтояш иштирок намекард. Вай журналисти мустақили озод буд”.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон рӯзи 1-уми феврал дар робита ба қазияи Далер Шарифов изҳороте мунташир кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: “Давоми солҳои 2013-2019 зиёда аз 200 матлабу мақолаҳои дорои мазмуну муҳтавои экстремистиро нашр намудааст, ки ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ ва тарғиби бартарии як қисми шаҳрвандон нисбат ба қисмати дигар аз нигоҳи мансубияти динӣ равона шудаанд… 28 январи соли 2020 нисбат ба номбурда бо аломатҳои қисми 1-и моддаи 189-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид”.

Ба ӯ ҷазои маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то 5 сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат таҳдид мекунад.

Вокуниши созмонҳову рӯзноманигорон

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигории Тоҷикистон 3-юми феврал бо нашри як изҳорот, ки зераш 8 созмону 37 журналист имзо гузоштанд, нигаронии шадиди худро дар робита ба боздошти Далер Шарифов баён карданд. Дар он аз мақомоти Тоҷикистон даъват гардида буд, ки чораи пешгирӣ ба ғайриҳабсӣ иваз карда шавад ва таҳқиқот воқеъбинона бо риояи бечунучарои тамоми кафолатҳои озодии баён мутобиқ ба стандартҳои байнулмилалӣ гузаронда шавад.

“Умедворем, ки ҳангоми таҳқиқоти қазияи Далер Шарифов волоияти қонун ва дастрасӣ ба адодати судӣ бечунучаро таъмин карда мешавад”, – омадааст дар изҳорот.

Ҳамчунин намояндаи Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба масоили озодии ВАО Ҳарлем Дезир шоми 3-юми феврал бо нашри як баёния аз ҳукуматдорони Тоҷикистон дархости озодии рӯзноманигори ҳабсшударо карда буд: “Ман ба мақомоти Тоҷикистон навиштам, ки фавран журналист Далер Шарифовро озод кунанд. Воситаҳои ахбори омма бояд бидуни тарси интиқом имкони таҳқиқу нашр, аз ҷумла, дар Интернет дошта бошанд”.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ – Афви Байнулмилал, Ҳамкории Байнулмилалӣ Барои Ҳуқуқи Инсон, Кумитаи Норвегии Ҳелсинки, Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, Дидбони Ҳуқуқи Башар низ хостори озодии Далер Шарифов шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...