Таътили баҳорӣ дар мактабҳои Тоҷикистон тамдид намешавад

Таътили баҳории хонандагон, ки 21-уми март дар Тоҷикистон шурӯъ гардида буд, 31-уми март ба анҷом расида, аз рӯзи 1-уми апрел дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дарсҳо оғоз мешаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” Эҳсони Хушбахт, котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон иттилоъ дод. “Дар асоси қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.09.2018, №484, аз 21-уми март то […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Таътили баҳории хонандагон, ки 21-уми март дар Тоҷикистон шурӯъ гардида буд, 31-уми март ба анҷом расида, аз рӯзи 1-уми апрел дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дарсҳо оғоз мешаванд.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” Эҳсони Хушбахт, котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон иттилоъ дод.

“Дар асоси қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.09.2018, №484, аз 21-уми март то 31-юми март таътили баҳорӣ эълон шуда, чоряки чаҳорум аз 1-уми апрели соли равон оғоз меёбад”, – гуфт Эҳсони Хушбахт.

Вай афзуд, ки дар мавриди тамдиди эҳтимолии таътил дар мактабу донишгоҳҳо то ҳол аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон қарор қабул нашудааст.

Ёдрас мекунем, ки айни замон барои хонандагони мактабҳои миёна таътили баҳорӣ давом дорад, аммо донишҷӯёни макотиби олӣ аз 26-уми март таҳсили худро идома доданд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, то имрӯз, 30-юми марти соли равон дар Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.