Амалиёти “Корд”: Боздошти зани 40-сола бо 8 силоҳи сард

Дар амалиёти навбатии “Корд”, ки аз 8-ум то 29-уми март дар ҳамаи манотиқи пойтахт ҷараён гирифт, 12 нафар боздошт гардида, аз онҳо қариб 30 адад силоҳҳои сард дарёфту мусодира шуд. Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, нисбат ба нафарони дастгиршуда чораҳои гуногуни таъсиррасони қонунӣ, аз ҷумла, ҳабси маъмурӣ, нисбат ба волидайни ноболиғон протокол […]

Дар амалиёти навбатии “Корд”, ки аз 8-ум то 29-уми март дар ҳамаи манотиқи пойтахт ҷараён гирифт, 12 нафар боздошт гардида, аз онҳо қариб 30 адад силоҳҳои сард дарёфту мусодира шуд.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, нисбат ба нафарони дастгиршуда чораҳои гуногуни таъсиррасони қонунӣ, аз ҷумла, ҳабси маъмурӣ, нисбат ба волидайни ноболиғон протокол бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ ва ҷаримаҳо татбиқ карда шуданд.

Аз ҷумла, дар рафти амалиёт аз истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе Икром Менглиеви 29-сола 2 адад корд, 2 бита, 3 кастет, 2 нунчакӣ, 1 дубинкаи оҳанин ва 1 ниқоби сиёҳ, инчунин аз Сурайё Раҳимова, соли таваллудаш 1980, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе 8 адад корд дарёфт ва мусодира карда шуд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе изҳор медорад, ки баргузории амалиёти шартии “Корд” дар ҳудуди пойтахт идома ёфта, милитсияи пойтахт то ба пуррагӣ аз ҷомеа решакан кардани ин омили номатлуб мубориза мебарад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.