Ҳарлем Дезир: Мақомоти Тоҷикистон рӯзноманигор Далер Шарифовро озод кунанд

Намояндаи Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба масоили озодии ВАО Ҳарлем Дезир шоми 3-юми феврал бо нашри як баёния аз ҳукуматдорони Тоҷикистон дархости озодии рӯзноманигори ҳабсшударо кардааст. “Ман ба мақомоти Тоҷикистон навиштам, ки фавран журналист Далер Шарифовро озод кунанд. Воситаҳои ахбори омма бояд бидуни тарси интиқом имкони таҳқиқу нашр, аз ҷумла, дар Интернет дошта […]

Намояндаи Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба масоили озодии ВАО Ҳарлем Дезир шоми 3-юми феврал бо нашри як баёния аз ҳукуматдорони Тоҷикистон дархости озодии рӯзноманигори ҳабсшударо кардааст.

“Ман ба мақомоти Тоҷикистон навиштам, ки фавран журналист Далер Шарифовро озод кунанд. Воситаҳои ахбори омма бояд бидуни тарси интиқом имкони таҳқиқу нашр, аз ҷумла, дар Интернет дошта бошанд”, – чунин паёмак чанде қабл дар саҳифаи расмии Ҳарлем Дезир дар Twitter пайдо шудааст.

Имрӯз ҳамчунин ҳудуди 40 созмону рӯзноманигори тоҷикистонӣ дар робита ба боздошти Далер Шарифов изҳори нигаронии шадид карда, аз мақомоти кишвар чунин даъват ба амал оварданд:

– чораи пешгирӣ ба ғайриҳабсӣ иваз карда шавад;

– таҳқиқот воқеъбинона бо риояи бечунучарои тамоми кафолатҳои озодии баён мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ гузаронда шавад.

“Умедворем, ки ҳангоми таҳқиқоти қазияи Далер Шарифов волоияти қонун ва дастрасӣ ба адодати судӣ бечунучаро таъмин карда мешавад”, – изҳор доштаанд намояндагони созмонҳо ва рӯзноманигорони Тоҷикистон.

Далер Шарифов 28 январи соли 2020 барои бозпурсӣ ба шуъбаи амнияти Кумитаи давлатии аминияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур даъват ва дар ҳамон рӯз боздошт шуд.

Шоми 28 январи соли 2020 ба хонаи онҳо, ки дар деҳаи Ниёгони ҷамоати ба номи Бозорбой Бурунови шаҳри Ваҳдат ҷойгир аст, кормандони шуъбаи ноҳияи Шоҳмансури РКДАМ ҶТ дар шаҳри Душанбе омада, ба падараш дар бораи боздошти писараш хабар дода, вале дар бораи далели боздошт ва ба чӣ гумонбар шудани фарзандаш чизе нагуфтаанд.

29 январи соли 2020 ӯро ба бинои Раёсати КДАМ дар шаҳри Душанбе интиқол доданд. Дар ҳамин рӯз вакили дифоъ Абдураҳмон Шарифов гувоҳнома ва номаи лозимро ба КДАМ Тоҷикистон пешниҳод намуд, то иҷозаи дидор бо зерҳимояашро дошта бошад, вале муваффақ нашуд.

30 январи соли 2020 рӯзноманигор Далер Шарифов ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ оварда шуд, ки дар он ҷо ӯ бо қисми 1 моддаи 189 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ) айб эълон карда шуд.

Тахмин меравад, ки гумонбар донистан ба барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ ба фаъолияти журналистии вай иртибот дорад, ки дар ин бора дар сомонаи Агентии миллии иттилооти Тоҷикистон “Ховар” изҳороти маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 феврали соли 2020 ҷой дода шудааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 30 озодии сухан ва матбуотро кафолат медиҳад ва сензураи давлатӣ ва таъқибро барои танқид манъ мекунад.

“Ин амалкардҳо дар арафаи ду рӯйдоди муҳим дар кишвар – интихоботи порлумонӣ ва президентӣ, ба обрӯйи байналмилалии Тоҷикистон зарбаи ҷиддӣ мезанад”, – омадааст дар изҳороти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорӣ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...