Қаллобии корманди хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ваҳдат

Сармуҳандиси муассисаи давлатии “Хоҷагии манзилии коммуналӣ ва сохтмон” дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бо ҷурми қаллобӣ дастгир карда шуд. Тибқи иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, Абдусалом Сайдаҳмадов дар давраи фаъолияти корияш бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ аз шаҳрванд Саидҷон Саидмуродов барои аз ҳудуди заминҳои Ҷамоати деҳоти […]

Сармуҳандиси муассисаи давлатии “Хоҷагии манзилии коммуналӣ ва сохтмон” дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бо ҷурми қаллобӣ дастгир карда шуд.

Тибқи иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, Абдусалом Сайдаҳмадов дар давраи фаъолияти корияш бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ аз шаҳрванд Саидҷон Саидмуродов барои аз ҳудуди заминҳои Ҷамоати деҳоти Бозорбой Бурунови шаҳри Ваҳдат ҷудо карда додани 0,06 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар се ҳолат ҷамъ маблағи 2000 доллари ИМА ва 15000 сомонӣ талаб карда гирифтааст.

Ӯ бо ин ҳаракатҳои қасдонаи худ ба шаҳрванд Саидмуродов зарари калони моддӣ расонидааст.

Аз рӯйи ин далел нисбат ба Абдусалом Сайдаҳмадов бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” КҶ ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.