Кори шуъбаи консулгарии сафорати Русия дар Тоҷикистон муваққатан қатъ шуд

Asia-Plus

Дар шуъбаи консулгарии сафорати Русия дар Тоҷикистон аз 1-уми апрел қабули муроҷиаткунандагон муваққатан қатъ шуд.

Тавре намояндагии дипломатии Русия хабар медиҳад, танҳо муроҷиатҳо бо масоили хеле муҳим ба таври истисноӣ баррасӣ мешаванд.

Ин қарор дар робита ба тадбирҳои роҳандозишудаи муқовимат ба паҳншавии коронавируси COVID-19 қабул шудааст.

“Доир ба замони пурра барқарор шудани кори шуъбаи консулгарии сафорат ба таври иловагӣ хабар медиҳем”, – қайд шудааст дар маълумоти сафорат.

Дар ҳамин ҳол, хизматрасонии консулгарӣ ба шаҳрвандоне, ки қаблан барои қабул худро номнавис кардаанд, бо тартиби афзалиятнок амалӣ мешавад.

Рӯзҳои корӣ аз соати 9:00 то 13:00 ва аз соати 14:00 то 18:00 тариқи телефони умумии 236-24-41 вё бо почтаи электронии [email protected] аз шуъбаи консулгарии сафорат машварат гирифта метавонед.

“Барои муроҷиат дар ҳолатҳои фаврӣ (хатар ба ҳаёту саломатӣ, ҳодисаҳои таъҷилии кумаки башардӯстона) тавсия медиҳем, ки бо телефони дипломати навбатдор: +992-90-160-50-10 дар тамос шавед”, – навиштааст сафорати Русия дар Тоҷикистон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...