Бинои собиқи Кохи президентро ба тахриб омода мекунанд

Ғафур Шерматов, Баҳманёр Нодиров, барои Asia-Plus

Дар Душанбе ба пӯшонидани гирду атрофи бинои пешинаи Кохи президент оғоз карданд. Ин бино соли 1957 сохта шудааст.

Ахиран дар он шаҳрдории Душанбе (бинои он ҳам тахриб шуд) ва Кумитаи сайёҳӣ ҷойгир буданд. То замони ба бинои нав кӯчидан, муддати 25 сол дар ин ҷо дастгоҳи президент ва ҳукумат фаъолият мекарданд. Қаблан ин бино ба Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти ҷумҳурӣ тааллуқ дошт.

Дар бораи тахриб ва дар ҷойи он сохтани бинои нав зимни нишасти матбуотии шаҳрдории Душанбе аввали моҳи феврал иттилоъ дода шуд. Аммо он замон дар бораи санаи дақиқи ин кор сухан нарафта буд.

“Нақшаи генералӣ дар пойтахт давра ба давра амалӣ мешавад, лекин замони дақиқи тахриби бино ҳоло маълум нест”, – қайд карда буд муовини раиси пойтахт Маҳмадсаид Зубайдзода.

Он замон ин хабар дар Тоҷикистон сарусадоҳои зиёде ба бор овард. Аксари шахсиятҳои маъруф мухолифи он изҳори назар карданд:

Ин бино соли 1957 тибқи лоиҳаи Меъмори шоистаи ҷумҳурӣ Стефан Анисимов сохта шуда буд.

Соли 2016 шаҳрдории Душанбе рӯйхати иборат аз 15 бинои дорои арзиши меъморию таърихиро нашр кард, ки набояд тахриб шаванд. Дар он бинои собиқи Кохи президент ҳам зикр шуда буд.

Аммо ба дархости “Азия-Плюс” аз 12-уми марти соли равон аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ рӯйхати нави ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангиро пешниҳод карданд.

Дар рӯйхати нави чунин иншоот, ки набояд тахриб шаванд, маҷмаа бо муҷасамаи Исмоили Сомонӣ, Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, “Кохи Наврӯз”, “Кохи Истиқлол”, “Кохи Сомон”, Нишони миллӣ, “Кохи миллат”, пояи Парчами давлатӣ,  муҷассамаҳои Абӯалӣ ибни Сино, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ғайра зикр шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...