Муборизаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон бо пулшӯйӣ

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ва Прокуратураи генералии Ӯзбекистон доир ба шахсоне, ки дар пинҳон кардани даромадҳои бо роҳи ҷинояткорӣ бадастомада (пулшӯйӣ) гумонбар дониста мешаванд, ба ҳамдигар табодули маълумот мекунанд. Дар ин хусус Департаменти мониторинги молиявии БМТ ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ӯзбекистон қарордоди дахлдор ба имзо мерасонанд. Дар лоиҳаи санад, ки […]

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ва Прокуратураи генералии Ӯзбекистон доир ба шахсоне, ки дар пинҳон кардани даромадҳои бо роҳи ҷинояткорӣ бадастомада (пулшӯйӣ) гумонбар дониста мешаванд, ба ҳамдигар табодули маълумот мекунанд.

Дар ин хусус Департаменти мониторинги молиявии БМТ ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ӯзбекистон қарордоди дахлдор ба имзо мерасонанд.

Дар лоиҳаи санад, ки дар ихтиёри идораи “Азия-Плюс” қарор дорад, қайд мешавад, ки чунин ҳамкорӣ дар самтҳои ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили маълумот дар бораи шахсони гумонбар ба қонунӣ гардонидани даромадҳои бо роҳи ҷинояткорӣ бадастомада, маблағгузорӣ ба терроризм, маблағгузорӣ ба паҳншавии силоҳи қатли ом ва фаъолияти ҷинояткоронаи вобаста ба он роҳандозӣ мешавад.

Ин ҳамчунин ба шахсони хусусӣ ва ширкатҳое, ки ҷиҳати анҷом додани чунин амалиёт ҷалб шудаанд, дахл хоҳад дошт.

Табодули маълумот дар ҳуҷҷат дар шакли хаттӣ бо ташаббуси тарафҳо ё бар асоси дархости ҷонибҳо пешбинӣ шудааст.

Аммо қонеъ кардани дархост пурра ё қисман рад шуда метавонад, агар иҷрои он ба соҳибистиқлолӣ, амният, тартиботи ҷамъиятӣ ва дигар манфиатҳои кишваре, ки аз он дархост мешавад, зиён оварда тавонад.

Маълумот ё ҳуҷҷатҳои дар доираи қарордод дастрасшуда, бе розигии хаттии кишвари дархосткунанда ба ҷонибҳои сеюм ифшо намешаванд, бо мақсадҳои маъмурӣ, тафтишотӣ, ҷиноятӣ ё судӣ истифода намешаванд.

Маълумоти дар доираи ин санад дастрасшуда махфӣ буда, нисбат ба он реҷаи ҳифзи дар қонунгузории кишвари дархосткунанда пешбинишуда амал намекунад.

Ҳаллу фасли ҳама гуна баҳсу ихтилофҳое, ки дар робита ба шарҳу истифодаи ин қарордод ба миён меоянд, ба воситаи машварату гуфтушунидҳо пешбинӣ шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.