Воридкунандаи маҳсулоти ниёзи аввалия барои Душанбе аз пардохти ААИ озод шуд

Ҳукумати Тоҷикистон воридоти маҳсулоти мавриди ниёзи аввалро барои эҳтиёҷоти пойтахт аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) озод мекунад. Ин имтиёз танҳо нисбат ба маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, ки аз ҷониби КВД “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал дар шаҳри Душанбе” ба пойтахти ҷумҳурӣ ворид мешавад, амал мекунад. Дар қарори моҳи […]

Ҳукумати Тоҷикистон воридоти маҳсулоти мавриди ниёзи аввалро барои эҳтиёҷоти пойтахт аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) озод мекунад.

Ин имтиёз танҳо нисбат ба маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, ки аз ҷониби КВД “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал дар шаҳри Душанбе” ба пойтахти ҷумҳурӣ ворид мешавад, амал мекунад.

Дар қарори моҳи гузашта қабулшудаи ҳукумат дар ин маврид дастур дода шудааст, номгӯйи маҳсулоте, ки аз пардохти ААИ озод мешаванд, тасдиқ карда шавад.

Зимни воридоти маҳсулот, аз ҷумла, 50 ҳазор тонна шакар, 10 ҳазор тонна равғани рустанӣ, 70 ҳазор тонна гандум, 10 ҳазор тонна орд ва 2 ҳазор тонна биринҷ, ин навъи андоз ситонида намешавад.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон баҳри бароварда сохтани эҳтиёҷоти дохилии худ маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ворид мекунад. Дар дохили худи кишвар ин навъи маҳсулоти барои фаъолияти инсон зарурӣ ба таври кофӣ истеҳсол намешаванд.

Орду гандум асосан аз Қазоқистон, шакар – аз Беларусу Русия, биринҷ – аз Чин, равғани рустанӣ – аз кишварҳои Ховари Миёна ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ оварда мешаванд.

Чанде қабл Комиссияи иқтисодии авруосиёӣ содироти баъзе маҳсулоти ғизоиро аз кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) манъ кард. Дар ин рӯйхат марҷумак (гречка), арзан, ярма, орди дурушт ва ғайра зикр шудааст.

Тибқи маълумоти Агентии захираҳои моддии назди ҳукумати Тоҷикистон, дар анборҳои ин сохтор барои 9,5 млн нафар аҳолии кишвар дусола захираи маҳсулот нигаҳдорӣ мешавад.

Аз маҳсулоти дар рӯйхати ИИАО зикршуда Тоҷикистон худро бо пиёз, сир (чеснок), шалғам, тухмии офобпараст ва биринҷ таъмин карда метавонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.