Гуфтушуниди Тоҷикистону Украина доир ба агрегатҳои боқимондаи нерӯгоҳи Роғун

Ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди сохтан ва интиқоли 4 агрегати боқимондаи нерӯгоҳи барқи обии Роғун бо ширкатҳои Украина гуфтушунид дорад. Тавре хадамоти матбуоти вилояти Харков хабар медиҳад, намояндагони сафорати Тоҷикистон зимни вохӯрӣ бо роҳбарияти ин вилоят қайд кардаанд, ки бо ширкатҳои “Турбоатом” ва “Электротяжмаш” доир ба ин масъала гуфтушунид ҷараён дорад. Қаблан директори генералии “Турбоатом” Виктор Субботин […]

Ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди сохтан ва интиқоли 4 агрегати боқимондаи нерӯгоҳи барқи обии Роғун бо ширкатҳои Украина гуфтушунид дорад.

Тавре хадамоти матбуоти вилояти Харков хабар медиҳад, намояндагони сафорати Тоҷикистон зимни вохӯрӣ бо роҳбарияти ин вилоят қайд кардаанд, ки бо ширкатҳои “Турбоатом” ва “Электротяжмаш” доир ба ин масъала гуфтушунид ҷараён дорад.

Қаблан директори генералии “Турбоатом” Виктор Субботин қайд карда буд, ки аз соли 2019 то имрӯз ин ширкат ба корҳои истеҳсоли дастгоҳу таҷҳизот барои бунёди нерӯгоҳи “Роғун” машғул ва дар ин самт таҷрибаи кофӣ ба даст оварда, минбаъд низ ба рушду идомаи ҳамкориҳои пурсамар омода мебошад.

Ёдрас мекунем, ки агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун моҳи ноябри соли 2018 ва агрегати дуюм моҳи сентябри соли гузашта ба истифода дода шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ, соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли барқ дар нерӯгоҳи Роғун 840 млн кВт-соатро ташкил додааст, ки андаке бештар аз 4%-и ҳаҷми умумии истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон дар соли гузашта мебошад.

Айни замон корҳои ҷалби маблағҳои иловагӣ баҳри идомаи сохтмони нерӯгоҳ идома доранд. Мувофиқи лоиҳа, дар толори мошинии нерӯгоҳ боз 4 агрегат насб мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.