Қоҳир Расулзода ва Михаил Мишустин ҷараёни мубориза бо коронавирусро баррасӣ карданд

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Сарвазирони Тоҷикистону Русия Қоҳир Расулзода ва Михаил Мишустин зимни суҳбати телефонии рӯзи 7-уми апрел роҳандозии тадбирҳои муштаракро дар мубориза бо коронавирус баррасӣ карданд.

Тавре хадамоти матбуоти ҳукумати Русия хабар медиҳад, зимни суҳбат ҷонибҳо ба масъалаи муқовимат бо паҳншавии минбаъдаи сирояти нави коронавирус таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

“Қоҳир Расулзода ба ҷониби Русия барои мусоидати амалӣ ба Тоҷикистон дар мубориза бо коронавирус изҳори сипос кард. Дар ҷараёни суҳбат ба масъалаи бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия низ таваҷҷуҳ шуд. Зимни баррасии масоили ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ Михаил Мишустин ва Қоҳир Расулзода аҳаммияти нигаҳдории ҳаҷми савдои дуҷонибаро таъкид доштанд”, – омадааст дар хабар.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти АМИТ “Ховар”, Қоҳир Расулзода ҳамчунин бо сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин суҳбати телефонӣ анҷом дод.

“Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла паҳн гардидани бемории сироятии коронавирус ва роҳҳои пешгирии авҷи ин беморӣ ибрози назар намуданд”, – хабар медиҳад “Ховар”.

Гуфта мешавад, ҳамчунин зимни суҳбат масъалаи содироти маҳсулоти барвақтӣ, аз ҷумла пиёз аз Тоҷикистон ба Қазоқистон ва аз ин кишвар ба Тоҷикистон ворид намудани маҳсулоти ниёзи аввал, аз қабили  гандум ва орд баррасӣ шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...