Ҳабси 5 сокини Хатлон барои майдаавбошӣ дар пойтахт

Суди ноҳияи Сино рӯзи 8-уми апрел панҷ сокини вилояти Хатлонро барои майдаавбошӣ дар пойтахт ба муҳлати 15 шабонарӯз ҳабс кард. Ҳафтаи сипаришуда як сокини пойтахт навори муноқишаи гурӯҳи ҷавононро тавассути саҳифаи иҷтимоии Фейсбук ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ирсол ва дархост кардааст, ки нисбат ба онҳо чораҳои зарурӣ андешида шавад. Дар натиҷаи санҷиши муроҷиати мазкур муайян карда […]

Суди ноҳияи Сино рӯзи 8-уми апрел панҷ сокини вилояти Хатлонро барои майдаавбошӣ дар пойтахт ба муҳлати 15 шабонарӯз ҳабс кард.

Ҳафтаи сипаришуда як сокини пойтахт навори муноқишаи гурӯҳи ҷавононро тавассути саҳифаи иҷтимоии Фейсбук ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ирсол ва дархост кардааст, ки нисбат ба онҳо чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Дар натиҷаи санҷиши муроҷиати мазкур муайян карда шуд, ки 5-уми апрели соли ҷорӣ як гурӯҳ ҷавонон дар ҳолати мастӣ дар назди қаҳвахонаи «Шабнам» воқеъ дар кӯчаи С.Шерозии пойтахт нисбат ба якдигар дашномҳои қабеҳ ва муноқиша кардаанд. Ҳамзамон ба эроди атрофиён беэътиноӣ намуда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардаанд.

Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, пас аз амалисозии чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ нафароне, ки дар ин муоқиша ширкат варзиданд, боздошт шуданд.

Аз ҷумла, Комрони Шодмон (соли таваллудаш 1990), Комил Назриев (соли таваллудаш 1991), Сафар Муродов (соли таваллудаш 1975) – сокинони шаҳри Кӯлоб, инчунин Алиҷон Юсуфов (соли таваллудаш 1981) – истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ ва Умедҷон Қурбонов (соли таваллудаш 1985) – сокини ноҳияи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ дастгир шудаанд.

Зимни пурсиш маълум гардид, ки номбурдагон дар назди мавзеи мазкур аз сабаби нофаҳмиҳои ночиз байни ҳамдигар муноқиша карда, осоиштагии шаҳрвандонро халалдор сохтанд. Онҳо бо алфози қабеҳ ҳамдигарро дар ҷойи ҷамъиятӣ таҳқиру дашном карда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуданд.

Кормандони милитсия кирдори майдаавбошонаи онҳоро тибқи муқаррароти моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ бандубаст кардаву нисбаташон протоколи маъмурӣ тартиб дода, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Сино фиристоданд. Суд ба афроди мазкур ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз таъин кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.