“Эҳтиёт барои ҳаёт” – иқдоми пешгирии коронавирус дар Суғд

Дар вилояти Суғд бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) иқдоми “Эҳтиёт барои ҳайёт” гузаронида шуд. Он бо мақсади иттилоотонии саривақтии аҳолӣ, роҳандозии корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдошт, истифодаи ниқобҳои муҳофизатии роҳи нафас, кам кардани гаштугузор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ҳифзи саломатии худ ва наздикону пайвандон баргузор гардид. Тибқи иттилои КҲФ, ин иқдом аз […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар вилояти Суғд бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) иқдоми “Эҳтиёт барои ҳайёт” гузаронида шуд.

Он бо мақсади иттилоотонии саривақтии аҳолӣ, роҳандозии корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдошт, истифодаи ниқобҳои муҳофизатии роҳи нафас, кам кардани гаштугузор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ҳифзи саломатии худ ва наздикону пайвандон баргузор гардид.

Тибқи иттилои КҲФ, ин иқдом аз ҷониби афсарони шуъба ва бахшҳои Раёсат ташкил ва гузаронида шуда, дар рафти он варақаҳои иттилоотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, ки дар ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ омода шудааст, дар даромадгоҳҳои мағозаҳо, дорухонаву ошхонаҳо, хонаҳои баландошёна, истгоҳҳои хиёбони Рифъат Хоҷиев ва маҳаллаи 32 насб карда шуданд. Инчунин китобчаҳои иттилоотиву буклетҳое, ки аз ҷониби маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии Раёсат таҳия гардидаанд, дар байни аҳолӣ тақсим карда шуд.

Ҳамзамон созмондиҳандагони иқдом аз шахсони масъули ин мавзеъҳо даъват ба амал оварданд, ки ҳамарӯза дар байни мардум корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ гузаронида, маърифатнокии аҳолиро ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус баланд бардоранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.