Рухсатии беш аз 400 нафар аз карантин дар Хатлон

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Дар вилояти Хатлон рӯзи 16 апрел 419 нафарро аз карантин ҷавоб доданд. Онҳо муддати 21 рӯз дар карантин қарор доштанд. Қисмате аз онҳо дар беморхонаи сироятии Кӯлоб ва қисмати дигар дар беморхонаи вилоятии шаҳри Бохтар қарор доштанд.

Миралӣ Раҷабзода, сардори Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” дар ин робита хабар дод, ки 398 нафар аз рухсатшудагон шаҳрвандоне мебошанд, ки аз 24 то 26 март бо хатсайрҳои махсус аз Маскав ба ватан баргашта буданд.

“Он замон ҳамроҳи онҳо 18 ронанда, 2 корманди фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб ва 1 корманди милитсия, ки бо онҳо алоқа доштанд, низ ба карантин гирифта шуданд”, – иброз дошт мансабдор.

Раҷабзода қайд кард, ки бо дастгирии ҳукумати кишвар барои ба макони зист расонидани сокинони вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ микроавтобусҳо дода шуда, сокинони вилояти Хатлонро хешовандону наздиконашон гирифтанд.

Қобили зикр аст, ки дар ин ду беморхона боз 49 нафар дар карантин боқӣ монданд.

Аз 1 феврал то 16 апрел дар вилояти Хатлон ба сурати умум 672 нафар ба карантин гирифта шуда, 622 нафари онҳо рӯзи 16 апрел рухсатӣ шуданд.

“Ҳамааш паси сар шуд, акнун ба хона меравем”

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо касоне, ки дар беморхонаи вилоятии Бохтар дар карантин қарор доштанд, суҳбат кард.

Ҷӯрабек, сокини ноҳияи Рашт мегӯяд, онҳо муддати чанд рӯз дар фурудгоҳи Маскав қарор дошта, ба ҳар ҳол, муяссар шудааст, ки ба Тоҷикистон парвоз кунанд ва ҳавопаймо ба фурудгоҳи Кӯлоб нишастааст.

“Вақте ки ба ватан расидем, гуфтанд, ки барои бехатарии аҳли оилаамон лозим меояд, ки дар Бохтар дар карантин қарор гирем, – гуфт Ҷӯрабек. – 14 рӯз гузашта, эълон карданд, ки боз 7 рӯзи дигар дар карантин мемонем. Акнун ҳамааш паси сар шуда, ба хона меравем”.

Ӯ ба кормандони бемористон ва соҳибкороне, ки муддати 21 рӯз онҳоро бо ғизо таъмин карданд, изҳори миннатдорӣ намуд.

“Бисёр хурсанду миннатпазирем, ки илова бар ин, имрӯз моро натанҳо ҷавоб доданд, балки бо нақлиёт низ таъмин карданд, ки бепул то Душанбе мерасонад”, – афзуд вай.

Санавбар Раҳматуллоева, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд низ изҳор намуд, ки онҳо муддати чанд рӯз дар фурудгоҳи Жуковский дармондаанд.

“Тамоми рӯзҳои карантин моро бо ғизои хуб таъмин ва муоина карданд. Ин ҷо мо хеле зиёд дӯстони нав пайдо кардем. Аз табибон ва ҳамшираҳои шафқат узр мепурсам: шояд кадоме аз онҳоро хафа карда бошем. Ба ҳамаи онҳо офарин мегӯем!”, – қайд кард ӯ.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 12 апрел дар беморхонаи вилоятии клиникии Бохтар Оишамоҳ Алимоваи 58-сола фавтид.

Ин зан дар шуъбае, ки шаҳрвандони аз хориҷа ба Тоҷикистон омада ба карантин гирифта шуда буданд, кор мекард.

Сабаби расмии марги занро Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ бемории сил номид.

“Алимова Оишамоҳ, соли таваллудаш 1962 бо ташхиси сили иртишоҳи қисми мобайнии ҳар ду шушҳо (инфильтративный туберкулёз), гипертерофияи меъдачаи чапи дил, атеросклерози шоҳраг фавтид”, – иттилоъ дод вазорат.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...