Путин баргузории гузашти низомии Иди Ғалабаро мавқуф гузошт

Президенти Русия Владимир Путин баргузории гузашти низомӣ бахшида ба Рӯзи Ғалабаро аз сабаби вазъ бо коронавирус ба вақти дигар мавқуф гузошт. Дар ин бора нашрияи Коммерсант хабар медиҳад. Зимни машварати Шӯрои амнияти Русия ӯ ба сохторҳои қудратӣ дастур дод, ки муҳлатҳои омодагӣ ба чорабиниҳои бахшида ба ифтихори 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро дар Маскав […]

Asia-Plus

Президенти Русия Владимир Путин баргузории гузашти низомӣ бахшида ба Рӯзи Ғалабаро аз сабаби вазъ бо коронавирус ба вақти дигар мавқуф гузошт. Дар ин бора нашрияи Коммерсант хабар медиҳад.

Зимни машварати Шӯрои амнияти Русия ӯ ба сохторҳои қудратӣ дастур дод, ки муҳлатҳои омодагӣ ба чорабиниҳои бахшида ба ифтихори 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро дар Маскав ва минтақаҳо ба вақти дигар гузаронанд. Раисҷумҳури Русия гуфт, гузашти низомӣ дар Майдони сурх ва раҳпаймоии “Полки ҷовидон” имсол баргузор мешаванд, вале санаи дақиқи онро номбар накард.

“Ошкор мегӯям, ки ҳозир назди интихоби душвор қарор дорем. Ва санаи 9 май барои мо муқаддас ва ҳаёти ҳар як инсон низ муқаддас аст, – иброз дошт ӯ. – Барои баргузории гузашти низомии 9 май омодагии он бояд аз ҳозир оғоз гардад, вале хатарҳои марбут ба эпидемия, ки авҷаш ҳоло нагузаштааст, ҳанӯз ҳам фавқулода зиёд аст ва ин ба ман ҳуқуқ намедиҳад, ки мустақиман аз ҳозир омодагиро ба гузашти низомӣ ва дигар чорабиниҳои оммавӣ шурӯъ кунам”.

Рӯзи 15 апрел роҳбарони 12 ташкилоти собиқадорон аз Путин дархост намуданд, ки гузашти низомиро ба вақти дигар гузаронад. Ба ақидаи онҳо, зимни баргузории чорабинӣ ба мардум кафолати солими додан ғайриимкон мебошад. Собиқадорон пешниҳод карданд, ки он ба вақти дигар гузаронида шавад, ба вақте ки “мувофиқи вазъи эпидемиологӣ гузашти низомӣ на хатар бошад, балки воқеан ба тантанаи сулҳу амният табдил ёбад”.

Қаблан дар Кремл изҳор дошта буданд, ки бинобар сабаби коронавирус иштироки собиқадорон дар гузашти низомӣ ба салоҳи кор нест.

Қобили зикр аст, ки шабонарӯзи гузашта дар Русия 3448 ҳолати нави сироят аз COVID-19 сабт шуда, шумори умумии сироятёфтагон ба 27 ҳазору 938 нафар расид. Ҳамагӣ 2304 нафар аз беморӣ шифо ёфта, 232 кас фавтиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.