Ӯзбекистон Cotton Campaign-ро ба бекор кардани таҳрим ба пахтааш даъват кард

Ӯзбекистон аз гурӯҳи Cotton Campaign, ки чандин созмони ҳомии ҳуқуқ ба он шомиланд даъват кард, таҳрими пахта ва бахши нассоҷии ин кишварро қатъ кунанд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, мақомоти ӯзбек гуфтаанд, дар робита ба решакан кардани истифодаи меҳнати иҷборӣ ба пешрафтҳое ноил шудаанд ва оқибатҳои иқтисодии коронавирус ҳам бекор кардани таҳримҳоро талаб […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Ӯзбекистон аз гурӯҳи Cotton Campaign, ки чандин созмони ҳомии ҳуқуқ ба он шомиланд даъват кард, таҳрими пахта ва бахши нассоҷии ин кишварро қатъ кунанд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, мақомоти ӯзбек гуфтаанд, дар робита ба решакан кардани истифодаи меҳнати иҷборӣ ба пешрафтҳое ноил шудаанд ва оқибатҳои иқтисодии коронавирус ҳам бекор кардани таҳримҳоро талаб мекунад.

Вазири шуғл ва муносибатҳои кории Ӯзбекистон Нозим Хусанов 15 апрел дар як номаи боз ба Cotton Campaign гуфтааст, ин кишвар дар пайи паҳн шудани коронавирус бо "таҳдиди бесобиқаи дуҷониба" ҳам ба иқтисод ва ҳам ба сиҳатии сокинони худ рӯбарӯ шудааст.

Бино ба пешбиниҳои Ӯзбекистон, бекор шудани таҳрим имкон медиҳад, ки аз ҳисоби боз шудани бозорҳои Ғарб истеҳсоли маҳсулоти нассоҷиро ду баробар афзоиш дода, ҷойҳои нави корӣ низ ташкил карда шавад.

Эътилофи байналхалқии ширкатҳои пахтаи Cotton Campaign соли 2010 бо ҳадафи таҳрими Ӯзбекистон таъсис шуда буд. Эътилоф гуфт, дар Ӯзбекистон кӯдакону калонсолон ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб мешаванд. Тамғаҳои маъруфи тиҷоратие амсоли Nike, Zara, GAP, Levi's, H & M, UNIQLO ва ғайраҳо ба ин маърака ҳамроҳ шуда буданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.