Ҳаҷи имсола зери суол аст. Омодагӣ идома дошта, аз Арабистони Саудӣ огоҳиро интизоранд

Арабистони Саудӣ ҳоло ба таври ниҳоӣ тасмим нагирифтааст, ки қабули зойиринро бекор кунад, аз ин рӯ дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба ин маросим идома доранд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон хабар доданд. “Доир ба маросими ҳаҷи имсола аз Арабистони Саудӣ огоҳиро интизорем, лекин қарори мушаххас […]

Арабистони Саудӣ ҳоло ба таври ниҳоӣ тасмим нагирифтааст, ки қабули зойиринро бекор кунад, аз ин рӯ дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба ин маросим идома доранд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон хабар доданд.

“Доир ба маросими ҳаҷи имсола аз Арабистони Саудӣ огоҳиро интизорем, лекин қарори мушаххас ҳоло ба дасти мо нарасидааст. Корҳои омодагӣ идома доранд: бақайдгирии зоийринро дар ҳамаи минтақаҳо ба охир расонидем, озмуни интихоби роҳбаладонро эълон карда, маълумотномаҳои расидаро омӯхта истодаем. Аммо бо ширкатҳое, ки дар ин мавсим хизматрасонӣ мекунанд, масалан бо ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҳоло созишнома имзо накардаем”, – хабар дод сухангӯи Кумита Афшин Муқим.

Ӯ қайд кард, ки агар имсол маросими адои ҳаҷ баргузор нашавад, навбати зойирин пурра нигоҳ дошта шуда, ба соли дигар гузаронида мешавад.

Номбурда инчунин иттилоъ дод, ки айни замон дар Кумита санаи оғози моҳи шарифи Рамазон ва тартиби баргузории намозу ибодатҳо дар шароити пандемия баррасӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, ВАО-и Ӯзбекистон хабар медиҳанд, ки маросими адои ҳаҷи шаҳрвандони Ӯзбекистон расман то поёни пандемия боздошта шудааст.

“Арабистони Саудӣ омодагӣ ба мавсими ҳаҷи соли 2020-ро мавқуф гузошта, дар ин робита Кумитаи умури дини Ӯзбекистон хабар дод, ки ҳамаи маросими марбут ба ҳаҷ низ дар кишвар ба таъхир андохта мешаванд”, – иттилоъ медиҳад centralasia.media.

Ҳанӯз аввали моҳи апрел вазири умури ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ аз  тамоми мусалмонони ҷаҳон даъват кард, ки то суботи вазъи вобаста ба паҳншавии коронавирус аз нақшаи сафар ба ҳаҷ ва боздид аз макони муқаддаси ислом худдорӣ кунанд.

“Давлат ба қабул ва хизматрасонии зойирин омода буда, лекин солимии ҳаҷкунандагон, ки дар макони сериздиҳом зери хавфи зиёд қарор мегирад, барои мо нақши ҳалкунанда дорад”, – қайд кард вазири араб.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола дар мавсими ҳаҷ қариб 2,5 млн нафар мусалмонони саросари дунё озими Арабистони Саудӣ мешаванд, ки то ки яке аз панҷ фарзҳои ҳатмии исломро ба ҷо оранд.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи феврал бар асари хуруҷи коронавирус ҳукумати Арабистони Саудӣ вуруди шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро бо мақсади адои маросими ҳаҷи умра муваққатан манъ кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.