“Барқи тоҷик” аз содироти барқ $6,8 млн даромад гирифт

Тӯли се моҳи соли равон Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 6,8 млн доллар ба хориҷи кишвар неруи барқ содирот кард. Тавре Агентии омори назди президенти ҶТ хабар медиҳад, ҳиссаи интиқоли барқ ба хориҷа 3,3% аз ҳаҷми умумии содироти ҷумҳурӣ дар ин давраро ташкил додааст. Барқи Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ва Ӯзбекистон интиқол меёбад. Дар […]

Тӯли се моҳи соли равон Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 6,8 млн доллар ба хориҷи кишвар неруи барқ содирот кард.

Тавре Агентии омори назди президенти ҶТ хабар медиҳад, ҳиссаи интиқоли барқ ба хориҷа 3,3% аз ҳаҷми умумии содироти ҷумҳурӣ дар ин давраро ташкил додааст. Барқи Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ва Ӯзбекистон интиқол меёбад.

Дар ҳамин ҳол, сокинони минтақаҳои Тоҷикистон аз қатъи мунтазами интиқоли барқ аз аввали моҳи апрел шикоят доранд. Қатъи интиқоли барқ давоми рӯз – аз соати 8 то 17 ва сипас аз нимаи шаб то субҳ сурат мегирад.

Дар шабакаҳои барқи маҳаллӣ инро ба баргузории корҳои таъмир дар хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳо пас аз сарбории иншооти зерсохтор дар мавсими зимистон ва камбуди об дар обанборҳои нерӯгоҳҳои барқи обии амалкунанда нисбат медиҳанд.

Ғайр аз ин, барфи рӯзи 9 апрел низ ба хатҳои интиқоли барқ ва трансформаторҳо дар чанде аз минтақаҳо осеб расонида, ташвиши барқчиёнро зиёд кард. Сокинони баъзе деҳоти дурдасти кӯҳистон пас аз 9 апрел пурра аз гирифтани барқ маҳрум шуданд.

Тибқи баъзе маълумоти расман тасдиқношуда, обанбори неругоҳи асосии истеҳсоли барқи кишвар – Норак аллакай аз охири моҳи март инҷониб дар натиҷаи сарфакорона истифода набурдани захираҳои он дар давраи зимистон қариб холӣ аст. Манбаъ қайд кард, ки НБО Норак, ки қариб 70%-и истеҳсоли нерӯи барқи кишвар ба он рост меояд, айни замон танҳо бо оби маҷрои дарёи Вахш кор карда, дар ин давраи сол маҷрои об барои кори пурраи агрегатҳои неругоҳ нокофӣ аст.

То ин дам фаъолият доштани Марказҳои барқу гармидиҳии пойтахтро, ки маъмулан охири моҳи март корашонро қатъ мекарданд, маҳз ба ҳамин омил нисбат медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки тайи ду соли охир таъмини пойтахт бо барқ асосан аз ҳисоби барқи истеҳсолшуда дар ин марказҳо амалӣ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.