Тоҷирони ВМКБ иҷораи нуқтаҳои фурӯшро 30% арзон карданд

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Соҳибкорони шаҳри Хоруғ тасмим гирифтанд, ки нархи иҷораи нуқтаҳои фурӯши худро 30% поин мебаранд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдории Хоруғ хабар доданд, қарори поин бурдани нархи иҷораи нуқтаҳои фурӯш ташаббуси худи соҳибкорон аст.

Ба иттилои манбаъ, дар баъзе ҳолатҳо савдогарон маҳсулотро аз деҳқонон арзонтар харида, бо арзиши баландтар мефурӯшанд, ки боиси болоравии нархҳо дар бозор мешавад.

“Бо назардошти ин ҳолат, бо дастури раиси ВМКБ Ёдгор Файзов дар бозори Хоруғ ва дигар бозорҳои вилоят барои деҳқонон гӯшаҳои махсус ташкил карда шуд. Дар онҳо кишоварзон маҳсулоти худро мустақилона бе миёнаравон фурӯхта метавонанд”, – қайд карданд дар ҳукумат.

Дар ҳамин ҳол, барои устувор нигоҳ доштани нархҳои маҳсулоти ғизоӣ дар вилоят, бо супориши Файзов ситоди доимӣ таъсис дода шуд. Дар сурати нодида гирифтани огоҳӣ, нисбат ба соҳибкороне, ки бо истифода аз фурсат нархҳоро боло мебаранд, чораҳо андешида мешаванд. Онҳо ҷарима хоҳанд шуд.

“Айни замон нархҳо дар бозори Хоруғ мисли дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ боло мераванд ва намояндагони ситод баҳри таъмини дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти мавриди ниёзи аввал чораандешӣ мекунанд”, – хабар доданд аз ҳукумати шаҳр.

Қобили зикр аст, ки болоравии нархҳо ба маҳсулоти хӯрокворӣ натанҳо дар ВМКБ, балки дар дигар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе низ ба мушоҳида мерасад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...