Вазорати тандурустӣ дар шарҳи сабаби марги омӯзгори яке аз литсейҳои пойтахт душворӣ кашид

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Сабаби марги омӯзгори тарбияи ҷисмонии литсей барои кӯдакони лаёқатманди №1 алҳол номаълум аст. Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯянд, ҳоло натиҷаҳои ташхисро нагирифтаанд.

Ду рӯз пеш дар Душанбе омӯзгори тарбияи ҷисмонии литсейи №1 Хуршед Каримови 60-сола аз олам даргузашт.

“Натиҷаҳои ташхис ба дастамон расад, дар ин бора ба ВАО хабар медиҳем”, – гуфтанд ба “Азия-Плюс” дар Вазорати тандурустӣ.

Ба иттилои ВАО, рӯзи чоршанбе аз волидон дархост кардаанд, ки фарзандонашонро ба хонаҳо баранд ва литсей, ки дар он Каримов кор мекард, ба карантин бастаанд.

Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” изҳор доштанд, ки дар литсей ҳеҷ гуна карантин нест ва дарсҳо идома доранд.

“Литсейе, ки дар он Хуршед Каримов дарс медод, бо реҷаи муқаррарӣ кор мекунад. Таҳсили хонандагон мувофиқи барномаи таълимӣ идома дорад”, – хабар дод котиби матбуотии вазорат Эҳсони Хушбахт.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ низ машғулиятҳо мувофиқи барномаи таълимӣ ҷараён доранд.

Корманди масъули Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобоев ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки марҳум Хуршед Каримов 60-сола буд.

“Дар ягон муассисаи таълимии кишвар карантин ҷорӣ нашудааст. Вазорат ҷиҳати пешгирии паҳншавии беморӣ ҳамаҷониба чора меандешад. Дар ҳамаи макотиби таҳсилоти умумӣ ва олӣ, инчунин муассисаҳои томактабӣ меъёрҳои санитарӣ риоя мешаванд. Хонандагон ба машғулиятҳо бо ниқоби тиббӣ меоянд, доир ба тадбирҳои бехатарӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд”, – иттилоъ дод ӯ.

Ӯ қайд кард, ки айни замон дар ҳамаи муассисаҳои таълимии пойтахт корҳои безараргардонӣ (дезинфеския) гузаронида мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...