Ёддошти Тоҷикистон ба ВКХ Қазоқистон дар робита ба нақши сафир дар сериал

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Дар робита ба интишори наворҳои силсилафилми телевизионии “Патрул” дар шабакаҳои иҷтимоӣ, Тоҷикистон ба ВКХ Қазоқистон ёддошт (нота) фиристод.

“27-уми апрел ба Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон бо талаби аз лиҳози ҳуқуқӣ баҳо додани фаъолияти маркази продюсерии «B.A.S production», ки силсилафилмро ба навор гирифтааст ва фармоишгари он – ҶДММ “Канали телевизионии мустақил” (НТК) ёддошт фиристода шуд”, – омадааст дар маълумоти ВКХ ҶТ.

Ҳамчунин ҷониби Тоҷикистон дархост кардааст, ки ин амалҳо мутобиқи қонунгузории Қазоқистон бо назардошти мавҷуд будани ҳолатҳои туҳмат ва амалҳои барқасд баҳри барангехтани хусумати байни миллатҳо мӯшикофона санҷида шаванд.

Гуфта мешавад, Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ин мавзӯъро таҳти пайгирӣ қарор додааст.

Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори сериали қазоқии “Патрул” нашр шуд, ки дар он кормандони милитсия як муҳоҷирро боздошт мекунанд. Ӯ на забони русиро медонаду на қазоқиро. Дар ин филм дастгиршуда ба забони ӯзбекӣ гап мезанад, аммо кормандони милитсия ӯро чун тоҷик қабул карда, ба шуъба мебаранд. Ӯро маҷбур мекунанд, ки деворҳои долонро ранг молида, мошинҳои кормандони милитсияро шӯяд. Дар охири навор маълум мешавад, ки ӯ гӯё сафири Тоҷикистон будаасту роҳ ба сафоратро гум кардааст.

Пас аз пайдо шудани ин видеои таҳқиромез дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарони тоҷикистонӣ бо изҳори норозигии шадид талаб карданд, ки ҳукумати кишвар ба ин масъала расидагӣ кунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...