Дар Тоҷикистон таснифбандии ҳатмии филмҳо вобаста ба синнусол ҷорӣ мешавад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Палатаи поёни парлумони Тоҷикистон имрӯз, 29-уми апрел тағйироту иловаҳоро ба қонун “Дар бораи кино” тасдиқ кард. Тағйироту иловаҳо мақомоти ваколатдори соҳаи киноро уҳдадор мекунанд, ки филмҳо танҳо пас аз муайян кардани таснифбандии онҳо вобаста ба синнусол пахш ё намоиш дода шаванд.

Вазорати фарҳанг ҳатман пешакӣ мувофиқи меъёрҳои байнулмилалии 0+, 6+, 12+, 16+ ва 18+ ба ҳар як филме, ки намоиши он дар шабакаҳои маҳалии телевизион ё толорҳои синамо пешбинӣ шудааст, маҳдудияти синнусолӣ муқаррар мекунад.

Ҳангоми намоиши филм субъектҳо бояд дар қисмати кунҷии экран тамғаи ҳуруфотии синнусолиро ишора кунанд.

Вакил Абдураҳим Ғаффорзода аз чунин тағйироту иловаҳо истиқбол карда, изҳор дошт, ки дар тарбияву таълим ва камолоти насли наврас кино нақши хеле муҳим дорад.

Гузашта аз ин, ӯ пешниҳод дорад, пахш ва намоиши филмҳое, ки ба арзишҳои миллӣ созгор набуда, ба насли наврас зиён оварда метавонанд, манъ карда шаванд.

Дар аксари кишварҳои дунё аз таснифбандии маҳсулоти иттилоотӣ ва ҳама гуна маводи садову симо, ки барои аҳолӣ тариқи телевизион ё толорҳои синамо намоиш дода мешаванд, васеъ истифода мекунанд.

Мувофиқи меъёрҳои байнулмилалӣ, кӯдакон бояд аз ҳама гуна маълумоте, ки ба онҳо зиёни рӯҳӣ ё маънавӣ оварда метавонад, бояд эмин нигоҳ дошта шаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...