ХБА ҷудо шудани $189,5 миллионро ба Тоҷикистон тасдиқ кард

Пайрав Чоршанбиев

Шӯрои иҷроияи Хазинаи байнулилалии асъор (ХБА) рӯзи 6-уми май ба Тоҷикистон ҷудо шудани 189,5 млн долларро тибқи механизми қарздиҳии тезонидашуда тасдиқ кард.

Бахши робита бо ҷомеаи Хазина хабар медиҳад, ки он ба қонеъ сохтани талаботи таъҷилӣ ба маблағгузории тавозуни пардохт ва эҳтиёҷоти буҷет марбут ба пандемияи коронавирус равона мешавад.

Дар Хазина бар ин назаранд, ки ин кумак ба “пешгирӣ аз ҷиддан бесубот шудани вазъи иқтисод ва ҳаёти одамон, нигаҳдории имконот барои хароҷоти муҳими соҳаи тандурустӣ ва эҳтиёҷоти иҷтимоии вобаста ба COVID-19” ёрӣ мерасонад.

“Тавре интизор меравад, ин буҳрон ба оқибатҳои назарраси иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон боис хоҳад шуд. Айни замон пешгӯйӣ мешавад, ки имсол рушди иқтисод 2% поин рафта, касри умумии буҷет то 7,7% нисбат ба ММД меафзояд”, – қайд кардаанд таҳлилгарони ХБА.

Муовини директори иҷроияи ХБА Тао Чжан изҳор доштааст, ки ноҷӯриҳо дар савдо ва боркашонии нақлиётӣ ба коҳиши босуръати интиқоли пул ва даромадҳои давлатӣ боис гардида, зарурати таъҷилии маблағгузорӣ ба тавозуни пардохт ва буҷет ба миён омадааст.

“Кумаки молиявии ХБА қисми назарраси маблағҳои лозимро барои роҳандозии тадбирҳои зиддибуҳронӣ таъмин мекунад. Барои рафъи норасоии маблағи боқимонда пешниҳоди сармоягузории имтиёзнок ва грантӣ аз ҷониби ҷомеаи байнулмилалӣ аҳаммият дорад”, – илова кардаанд коршиносони Хазина.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...