Прокуратураи генералӣ аз ҷазои ҳангомасозон ҳушдор дод

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз муҷозоти шахсоне, ки дар ҷумҳурӣ овозаҳои бардурӯғ паҳн мекунанду ҳангома месозанд, ҳушдор дод.

Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар медиҳад, вобаста ба масъалаҳои паҳншавии овозаҳои бардӯрӯғу ҳангомаҳо атрофи вазъи мубориза бо пандемияи коронавирус дар Тоҷикистон шаҳрвандон метавонанд ба ин ниҳод муроҷиат кунанд.

“Дар сурати паҳн кардани овозаҳои бардурӯғ дар ин бора, ба хотири ба таҳлука овардани аҳолӣ нисбати нафарони паҳнкунанда чораҳои қонунӣ андешида мешавад”, – таъкид шудааст дар изҳороти матбуотии Прокуратураи генералӣ.

Ҳамчунин гуфта мешавад, овозаҳои зиёд шудани ҳодисаҳои фавт аз CОVID-19, болоравии нархҳо, камчин шудани маҳсулоти аввалия, баста шудани роҳҳои байни минтақаҳои ҷумҳурӣ асоси воқеӣ надоранд.

Аз шаҳрвандон дархост шудааст, ки дар ҳолатҳои нарасонидани кумакҳои аввалияи тиббӣ, таъмин накардан ва ё надодани доруворӣ аз ҷониби муассисаҳои тиббӣ ва дорухонаҳо, дучор шудан ба ҳодисаҳои ба тариқи сунъӣ камчин кардани маҳсулоти доруворӣ ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат кунанд.

Таъкид мешавад, ки ҳамаи арзу шикоят ва пешниҳодоти худро шаҳрвандон тариқи телефони боварии 235-11-11, ки шабонарӯзӣ фаъол аст, баён карда метавонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...