Имрӯз китоби “Аскарони ғолиб” ҳамчун ёдгорӣ аз заҳматҳои генерал-майор Абдулло Ҳабибов, ки чанд рӯз пеш аз нашри он реҳлат кард, тариқи онлайн-ҷаласа муаррифӣ шуд. Дар он зиндагинома, корнамоӣ ва лаҳзаҳои ҳассоси ҳаёти 153 қаҳрамони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар 350 саҳифа сабт шудааст.
Муаллифону таҳиягарони китоб хотироти қаҳрамонҳои зиндаи Ҷанги Бузурги Ватаниро, ки то имрӯз дар қайди ҳаёт мондаанд, гирд оварданд, то ин ёдномаҳо барои насли оянда ҳифз шаванд.
“Ин китоб ҳамчун далели қаҳрамонии миллати тоҷик, ки сеяки аҳолияш ба ҷанг равона шуда, наздики 100 ҳазор қурбонӣ додааст, ба наслҳои имрӯз ва ояндаи мо боқӣ хоҳад монд. Махсусан, дар ин замоне, ки нақши миллати тоҷик ва дигар халқиятҳоро дар ғалаба бар фашизм ва натсизм кам ҳисоб карданӣ мешаванд”, – изҳор дошт Раҷаб Мирзо, рӯзноманигор ва яке аз таҳиягарони китоб.
Рӯнамои китоб аз тариқи онлайн-ҷаласа роҳандозӣ шуд, ки дар он намояндагони созмони иштирокчиёни ҷанг ва фарзандону наберагони онҳо, таърихнигорон ва ҳамчунин сафири Русия дар Тоҷикистон иштирок доштанд.
Маҷмӯаи “Аскарони ғолиб” ташаббуси дуввуми генерал-майор Абдулло Ҳабибов аст.
Дар арафаи 70-умин солагарди Иди Ғалаба китоби “Аскарони ҷанг” таҳия шуда буд, ки аз рӯзгор ва корнамоии иштирокчиёни душанбегии Ҷанги Бузурги Ватанӣ қисса мекард.
“Ҳоло аз санаи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳар қадар дур равем, қаҳрамонони он, шоҳидони даҳшати он рӯзҳои наҳс ҳам мутаассифона, камтар мешаванд. Феълан муҳим аст, ки наслҳои оянда ин пораи даҳшатноки таърихи халқамонро ҳамеша дар ёд дошта бошанду аз он хулосаи зарурӣ бароранд”, – навишта буд дар муқаддимаи китоб шодравон Абдулло Ҳабибов.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


