КҲФ аз номусоид шудани обуҳаво огоҳ мекунад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандони кишварро огоҳ мекунад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, 14-уми май дар қаламрави кишвар (ба истиснои қисмати шарқии ВМКБ) боронҳои пуршиддат, раъду барқ ва жола дар назар аст. Тавре ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти КҲФ Умеда Юсуфӣ хабар дод, дар баъзе ноҳияҳо суръати вазиши шамол то ба 13-18 метр дар як сония […]

Asia-Plus

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандони кишварро огоҳ мекунад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, 14-уми май дар қаламрави кишвар (ба истиснои қисмати шарқии ВМКБ) боронҳои пуршиддат, раъду барқ ва жола дар назар аст.

Тавре ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти КҲФ Умеда Юсуфӣ хабар дод, дар баъзе ноҳияҳо суръати вазиши шамол то ба 13-18 метр дар як сония расида, ҳарорати рӯзона дар водиҳо 6-8 дараҷа поин меравад.

Дар робита ба ҳавои номусоид, дар ноҳияҳои доманакӯҳи вилоятҳои Хатлону Суғд, ноҳияҳои тобеи марказ ва минтақаи ғарби ВМКБ босуръат болоравии сатҳи оби дарёҳо пешгӯйӣ мешавад.

Дар ин робита Кумита аз шаҳрвандон боисрор дархост кардааст, ки тадбирҳои асосии бехатарии шахсиро риоя карда, аз сафар ба кӯҳсор, ҷамъоварии занбӯруғҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, ки дар мавзеи кӯҳсор мерӯянд, худдорӣ кунанд. Ҳамчунин ҳавои тағйирёбанда чарондан ва нигоҳубини чорворо дар чарогоҳҳо мушкил мекунад.

“Бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои нохуш дар роҳҳои автомобилгард, хусусан, ҳангоми истифода аз роҳу ағбаҳои кӯҳӣ, КҲФ аз ронандагоне, ки воситаҳои нақлиёти сиёҳшиша доранд, боисрор хоҳиш менамояд, ҳаракати худро шабона маҳдуд созанд ва тамоми қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, хоса реҷаи суръати таъиншударо риоя кунанд”, – таъкид шудааст дар маълумоти Кумита.

Ҳамчунин Кумита ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар дар наздикии ҳавзу дарёҳо қарор доштан ва ба моҳигирӣ машғул шуданро тавсия намедиҳад, зеро оби дарёҳо метавонанд соҳилҳои паст ва заминҳои кишоварзиро пахш кунанд, қитъаҳои роҳро шӯянд, инчунин ба амнияти кӯпруку сарбандҳо таҳдид кунанд.

Аз аҳолӣ хоҳиш мешавад, ки ҳамаи ҷӯю заҳбурҳои воқеъ дар наздикии хонаҳои худро тоза кунанд. Ба ашхосе, ки ба бемориҳои дилу рагҳо гирифторанд, тавсия мешавад, ки дар ин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд ва бо худ доруҳои таъиншударо дошта бошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.