Ширкати “Авесто Гурӯҳ” табибони пойтахтро дастгирӣ кард

Ширкати истеҳсолии ватании “Авсето Гурӯҳ” ба табибони шаҳри Душанбе, ки бо коронавирус мубориза мебаранд, бо миқдори зиёди воситаҳои муҳофизатӣ кумак кард. Тавре дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад, маблағи умумии кумак беш аз 2,5 млн сомониро ташкил медиҳад. Ба беморхонаҳои пойтахт рӯзи 12-уми май 53 ҳазору 200 адад лавозимоти зарурии тиббӣ, аз қабили 10 ҳазор либоси […]

Asia-Plus

Ширкати истеҳсолии ватании “Авсето Гурӯҳ” ба табибони шаҳри Душанбе, ки бо коронавирус мубориза мебаранд, бо миқдори зиёди воситаҳои муҳофизатӣ кумак кард.

Тавре дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад, маблағи умумии кумак беш аз 2,5 млн сомониро ташкил медиҳад.

Ба беморхонаҳои пойтахт рӯзи 12-уми май 53 ҳазору 200 адад лавозимоти зарурии тиббӣ, аз қабили 10 ҳазор либоси махсуси тиббӣ, 10 ҳазор айнаки ҳимояткунанда, 10 ҳазор дастпӯшак, 5 ҳазор ниқоби махсуси пластикии ҳимояткунанда ва 18 ҳазору 200 ниқоби тиббӣ тақдим карда шуд.

Намояндагони ширкат ба шаҳрдории пойтахт итминон додаанд, ки ин тадбири муҳиму хайриявӣ ба хотири ҳифзи солимии ҷомеа минбаъд низ мунтазам анҷом дода мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.