ВКД аз рӯйи далели ҳамла ба хабарнигори “Азия-Плюс” парвандаи ҷиноятӣ боз кард

Asia-Plus

Ҳамла ба ба хабарнигори “Азия-Плюс” Абдуллоҳ Ғурбатӣ шоми 11-уми май ба амал омада, парвандаи ҷиноятӣ аз рӯйи ин далел 14-уми май оғоз шуд. Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ин бора имрӯз хабар нашр кард.

Дар маълумоти сомонаи ВКД чунин навишта шудааст: “11 майи соли 2020 шаҳрванд Ғурбатов Авазмат Умаралиевич, 01.08.1996 соли таваллуд, муваққатан истиқоматкунандаи маҳаллаи Корвони ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, ба мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиат намуд, ки соатҳои тахминан 21.30 дар наздикии бозори “Корвон”-и шаҳри Душанбе 2 нафар шахсони ба ӯ ношинос, ки дар рӯй ниқоби тиббӣ доштанд, ба ӯ ҳамла намуда, лату кӯб намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд”.

Гуфта мешавад, тибқи санади тадқиқотии тиббии-судии Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббию судии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 346 аз 12.05.2020 сол, ҷароҳати Ғурбатов А.У. зарари сабуки ҷисмонии ба саломатӣ ҳамбастагӣ надошта, хулосабандӣ шудааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилӣ бо моддаи 237 қисми 2 банди “б” КҶ ҶТ (Авбошӣ) парвандаи ҷиноятӣ таҳти №38596 аз 14.05.2020 сол оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Ба иттилои манбаъ, рафти тафтишоти пешакӣ таҳти назорати доимии роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ қарор дорад.

Қобили зикр аст, ки бобати ҳамла ба рӯзноманигор созмонҳои байнулмилалӣ ва сафорати ИМА дар Тоҷикистон вокуниш нишон доданд.

Дар намояндагии дипломатӣ ҳамла ба рӯзноманигорро маҳкум карда, онро “идомаи фишор болои ВАО-и мустақили Тоҷикистон” номиданд.

Сафорат аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кард, ки гунаҳкорони ҳамла ба хабарнигор дарёфт ва муҷозот шаванд.

“Шароите фароҳам овардан лозим аст, ки кормандони ВАО бидуни ҳарос аз интиқом кори худро иҷро кунанд”, – қайд шудааст дар изҳороти сафорати ИМА дар Тоҷикистон.

Дар баёнияи худ дар Twitter намояндаи Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба масоили озодии ВАО Ҳарлем Дезир оид ба ин масъала изҳори назар карда, аз ҳукуматдорони Тоҷикистон ёфтану ба ҷавобгарӣ кашидани ҳамлаварони Абдулло Ғурбатиро дархост кард.

“Аз ҳамлаи хушунатомези 2 мард ба Абдуллоҳ Ғурбатӣ аз AsiaPlusTj дар Душанбе, Тоҷикистон 11-уми май ваҳшатзадаям. Ман аз мақомот даъват мекунам, ки гунаҳкоронро ҷустуҷӯ карда, ба ҷавобгарӣ кашанд. Воситаҳои ахбори оммаи мустақил иттилоърасони калидӣ барои ҷомеа мебошанд, хусусан, дар замони бемории ҳамагир”, – навишта шудааст дар саҳифаи расмии Ҳарлем Дезир дар Twitter.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ аз соли гузашта дар “Азия-Плюс” ба фаъолият пардохта, қаблан бо Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ҳамкорӣ мекард. Асосан ба таҳияи маводи видеоӣ машғул аст: аз ҷойи ҳодиса гузориш дода, ҳамчунин дар кӯчаҳо назарсанҷӣ мегузаронад. Чанд рӯз пеш дар лоиҳаи нави “Азия-Плюс” – “Навбатдор дар шаҳр” ба сифати ровӣ иштирок карда буд.

Дар ин маводи мо тафсилоти ҳамла ба Абдуллоҳ ва таҳдидҳои ба унвони ӯ ирсолшуда инъикос ёфтаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...