Ҳиссае аз қарзи ХБА ба пардохти қарзи хориҷӣ истифода мешавад

Вазорати молияи Тоҷикистон самтҳоеро, ки қарзи аввали сол аз Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) гирифтаро барои онҳо истифода мешавад, мушаххас кард. “Бо назардошти вазъи имрӯзаи иқтисодӣ ва эҳтимоли зиёди коҳишёбии ҳаҷми даромадҳои буҷети давлатӣ дар соли 2020, маблағҳои қарзии ҷалбшуда, ки барои дастгирии буҷети давлатӣ пешбинӣ шудаанд, бо бартарият барои иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии давлат равона мешаванд”, – қайд […]

Вазорати молияи Тоҷикистон самтҳоеро, ки қарзи аввали сол аз Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) гирифтаро барои онҳо истифода мешавад, мушаххас кард.

“Бо назардошти вазъи имрӯзаи иқтисодӣ ва эҳтимоли зиёди коҳишёбии ҳаҷми даромадҳои буҷети давлатӣ дар соли 2020, маблағҳои қарзии ҷалбшуда, ки барои дастгирии буҷети давлатӣ пешбинӣ шудаанд, бо бартарият барои иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии давлат равона мешаванд”, – қайд шудааст дар маълумоти Вазорат.

Гуфта мешавад, маблағҳо аз ҷумла барои пардохти музди меҳнат ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ, зиёд кардани маблағгузорь ба соҳаи тандурустӣ, афзоиши ҳаҷми кумакҳои унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат истифода мешаванд.

“Ҳиссае аз қарз инчунин ба хизматрасонии қарзи беруна ва маблағгузории дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ равона карда мешавад”, – омадааст дар маълумот.

Мутобиқи шартҳои қарзгирии оҷилии ХБА, ҳукумати ҷумҳурӣ уҳдадор аст, ҳар семоҳа дар сомонаҳои расмӣ ҳисоботи истифодабарии маблағҳои ҷудошуда, инчунин ҳамасола натиҷаи санҷиши истифодабарии ин маблағҳоро, ки бояд аз ҷониби Палатаи ҳисоб анҷом дода шавад, нашр кунад.

Ёдовар мешавем, ки Хазинаи байнулмилалии асъор рӯзи 6-уми май ба Тоҷикистон ҷудо шудани 189,5 млн долларро тибқи механизми қарздиҳии тезонидашуда тасдиқ кард. Он ба қонеъ сохтани талаботи таъҷилӣ ба маблағгузории тавозуни пардохт ва эҳтиёҷоти буҷет марбут ба пандемияи коронавирус равона мешавад.

Ғайр аз ин, Хазина изҳор дошт, ки яке аз шартҳои ҷудошавии қарзи имтиёзнок ба Тоҷикистон бозбинии нишондиҳандаҳои буҷети давлатии кишвар барои соли 2020 мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.