Коронавирус дар Тоҷикистон: теъдоди умумии беморон ба 1118 нафар расид

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки то соати 17:30 дақиқаи имрӯз, 15-уми май дар мамлакат 1118 нафар бо ташхиси сирояти коронавирус ошкор шуда, 33 кас бар асари он фавтидаанд. Шабонарӯзи охир 211 ҳолати нави бемории Covid-19 ба қайд гирифта шудааст, ки ин баландтарин маълумоти расмӣ аз оғози эълони мавҷудияти коронавирус дар кишвар аст. Аз шоми дирӯз […]

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки то соати 17:30 дақиқаи имрӯз, 15-уми май дар мамлакат 1118 нафар бо ташхиси сирояти коронавирус ошкор шуда, 33 кас бар асари он фавтидаанд.

Шабонарӯзи охир 211 ҳолати нави бемории Covid-19 ба қайд гирифта шудааст, ки ин баландтарин маълумоти расмӣ аз оғози эълони мавҷудияти коронавирус дар кишвар аст. Аз шоми дирӯз то кунун 4 кас вафот кардаанд.

Ҳамзамон то имрӯз дар муассисаҳои табобатии кишвар 4297 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 477 кас баъд аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Қобили зикр аст, ки имрӯз дар фазои иттилоотии кишвар Портали ягонаи миллӣ оид ба коронавирус (COVID-19) бо абарпайванди www.covid.tj фаъол шудааст.

Айни замон торнамои мазкур дар марҳилаи такмил буда, фарогири омори сироятшудагону фавтидагон ва шифоёфтагон бо диаграммаи интерактивӣ, инчунин аломатҳои бемории COVID-19 ва тавсияҳо барои пешгирии сирояти коронавирус, суолу ҷавоб, наворҳои иҷтимоӣ ва дигар иттилооти муфид мебошад. Ба гуфтаи дастандаркорон ва тарроҳони торнамо, дар он маълумоти дорои аҳаммияти ҷамъиятӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пайваста нашр хоҳад шуд. 

Қаблан намояндагони ҳайати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ки ба Тоҷикистон омада буданд, изҳор доштанд: “Дар муддати ҳар се рӯз тамоюли ду баробар афзудани шумори сироятёфтагон ба назар мерасад. Авҷи беморӣ дар кишвар ҳанӯз дар пеш буда, шумори беморон рӯз то рӯз меафзояд”.

Роҳбари ҳайати СҶТ Патрик О’Коннор дар ҷараёни брифинги онлайнӣ гуфт: “Бо назардошти зуд паҳн шудани коронавирус, тадбирҳое, ки дар давоми рӯзҳои минбаъда амалӣ мешаванд, барои наҷоти ҳаёти одамон нақши асосӣ хоҳанд дошт”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.