Таъмини муассисаҳои тиббии Хуҷанд бо 143 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ

Зимни ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои сироятӣ таҳти роҳбарии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини раиси вилоят Зайнура Азимӣ иттилоъ дод, ки муассисаҳои тиббии Хуҷанд бо 143 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) таъмин шуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, Зайнура Азимӣ қайд кард, ки ба хотири пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ дар […]

Зимни ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои сироятӣ таҳти роҳбарии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини раиси вилоят Зайнура Азимӣ иттилоъ дод, ки муассисаҳои тиббии Хуҷанд бо 143 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) таъмин шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, Зайнура Азимӣ қайд кард, ки ба хотири пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ дар 64 қитъаи интихоботӣ нуқтаҳои тиббӣ ташкил гардида, фаъолияти табибони оилавӣ ҷоннок карда шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, марказҳои саломатии шаҳри Хуҷанд бо автомашинаҳои махсуси тиббӣ, муассисаҳои тиббии он бо 143 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ таъмин шудаанд ва корҳо дар ин самт идома доранд.

Мутобиқи дастури раиси вилоят, дар Раёсати тандурустии вилояти Суғд маркази тамос оид ба масъалаҳои  COVID-19 ташкил шудааст, ки барои  сокинони вилоят шабонарӯзӣ хизмат мерасонад.

Рақамҳои робита бо ин марказ: (83422) 4 69 60, (83422) 4 69 63, (83422) 4 69 61, (83422) 4 69 62, (83422) 4 69 64, (83422) 4 69 65.

Зимни ҷаласа қайд шуд, ки дар корхонаҳои вилоят дар як руз зиёда аз 4000 корҷома ва 270 ҳазор ниқоби муҳофизатӣ истеҳсол шуда, ба муассисаҳои тиббӣ ва сокинон дастрас карда мешавад.

Ҳамзамон дар ҷаласа вазъи таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо оксиген баррасӣ шуд. Раиси вилоят масъулинро бобати дарёфти зарфҳои махсус барои оксиген ва таъмину захираи беморхонаҳо бо он вазифадор кард.

Минбаъд бо дастури раиси вилоят табибоне, ки ба карантин мебароянд, бо ҷойи махсус ва шароити зарурӣ таъмин карда мешаванд.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамчунин ба масъулин дастур дод, ки корҳои безараргардонӣ ва дезинфексионӣ ҷоннок карда шуда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, мавзеъҳои истиқоматӣ ва роҳравҳо пайваста гузаронида шавад.

Ба сохторҳои дахлдор дастур дода шуд, ки дар байни мардум корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳиро дуруст ба роҳ монанд, зеро то ба имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят талаботи пешниҳодшуда риоя намешаванд. Чунончӣ, дар баъзе шаҳру деҳоти вилоят сокинон бе истифода аз ниқоб гаштугузор карда, беҳдошти гигиенаи шахсиро риоя намекунанд. Равуои байни хонаводагӣ то ҳол идома дорад, ки ин амал боиси паҳншавии беморӣ шуда метавонад.

Раиси вилоят бобати фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ ва роҳандозӣ кардани содироти маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла, маҳсулоти кишоварзӣ супоришҳои мушаххас дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.