Дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон боз тирпарронӣ шуд

Бар асари тирпарронӣ дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон як ҷавонзани сокини Исфара захмӣ шуд. “Бархилофи созишномаҳои қаблан баимзорасида, шаҳрванди Қирғизистон Соат Бахтибеков, сокини ҷамоати деҳоти Оқсой, ба сӯйи шаҳрванд Шукрона Шароповаи 25-сола, сокини ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ тир кушод, ки дар натиҷа ӯ аз қисмати рости баданаш захм бардошт”, – хабар дода мешавад дар изҳороти Маркази […]

Бар асари тирпарронӣ дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон як ҷавонзани сокини Исфара захмӣ шуд.

“Бархилофи созишномаҳои қаблан баимзорасида, шаҳрванди Қирғизистон Соат Бахтибеков, сокини ҷамоати деҳоти Оқсой, ба сӯйи шаҳрванд Шукрона Шароповаи 25-сола, сокини ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ тир кушод, ки дар натиҷа ӯ аз қисмати рости баданаш захм бардошт”, – хабар дода мешавад дар изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ҷавонзани ҷароҳатбардошта коргари бригадаи №14-уми тухмипарварии ҳамин ҷамоат мебошад.

“Ин амали иғвоангезонаи сокини Қирғизистон нишонаи кӯшиши ба таври сунъӣ ноором кардани вазъият дар хати сарҳади давлатӣ арзёбӣ мегардад, ки метавонад вокуниши ҷавобиро аз ҷониби сокинони наздисарҳадӣ дар ин минтақаи ҳассос барангезад”, – таъкид мешавад дар изҳорот.

Тибқи маълумоти маркази матбуот, айни замон Шаропова дар ҳолати миёнаи вазнин дар бемористони шаҳрӣ бистарӣ шудааст.

“Мақомоти дахлдори ҳар ду кишвар дар маҳалли ҳодиса қарор дошта, ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида  истодаанд”, – ззикр мегардад дар изҳороти КДАМ.

Дар ҳамин ҳол, дар бораи сабаби рух додани муноқиша ва бо кадом сабаб ба сӯйи Шаропова тир кушодани шаҳрванди Қирғизистон маълумот дода намешавад.

Ёдрас мекунем, ки 24 май дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара низ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқиша рух дода буд.

Он замон КДАМ хабар дода буд, ки чӯпонҳои қирғиз вориди қаламрави Тоҷикистон гардида, ба муноқишаи навбатӣ бо сокинони наздимарзии ҶТ даст заданд. Ҷониби қирғиз ба маҳали ҳодиса қувваҳои иловагии сарҳадбононро сафарбар карда, ба сӯи сокинони бесилоҳи деҳаи Пули Офтобрӯя аз яроқи оташфишон тирпаронӣ намуд, ки дар натиҷа сарбози қаторӣ Давлатёр Зоирови 19-сола аз пояш захм бардошт.

Хабаргузории «АКИпресс» бо истинод ба маркази матбуоти Хадамоти сарҳадбонии Қирғизистон навишта буд, ки шахсони номаълум аз ҷониби Тоҷикистон ба тирпарронӣ ба самти сарҳадбонони қирғиз оғоз кардаанд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Ҳамзамон 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.